Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
-
Таъмир ва азнавкунии системаи обтаъминкунӣ ва ташкили шаклҳои нави хоҷагидории об, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодии мамлакат.
-
Ҷорӣ намудани стандартҳои экологии истифодабарии об ва системаи пурзӯри ҷавобгарӣ барои ифлоскунандагони об.
-
Ташкили системаи истифодабарии гирдгардон — такрори об ва то пурра тоза кардани обҳои истеҳсолӣ. Истифодаи ақлонии об дар соҳаҳои даромаднокии баланд дошта ва таъминкунандаи зиндагонии хуби аҳолии Тоҷикистон.
Албатта, ин чорабиниҳо ва равандҳои фаъолияти менеҷмент бахше аз масоили истифодабарии об мебошанд. Имрӯзҳо масоили таъмини оби нӯшокӣ барои аксари аҳолии Тоҷикистон, махсусан, барои аҳолии шаҳрҳои калон, аз он ҷумла Душанбе дар ҷои аввал буда, зинаи баланди хештаншиносии роҳбариро дар ин соҳа талаб менамояд. Барои расидан ба ин зина аз ҳар як фард ва роҳбари хештаншинос талаб карда мешавад, ки оид ба ин масоили муҳими экологӣкунонии фаъолият масъулиятро пурзӯр намуда, ҳар яке бевосита саҳмгузор бошанд. Ногуфта намонад, ки имрӯзҳо қариб 12 давлати ҷаҳон оби аз дигар ҷойҳо оварда истеъмол карда, зиёда аз 1 млрд. аҳолии рӯи замин аз оби нӯшокии тоза танқисий мекашанд. Пас, моро зарур мебошад, ки нисбат ба ин раванди экологӣкунонии фаъолияти роҳбарӣ диққати махсус дода, иҷрои барномаи ҳукуматии «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», 2005-2015»-ро таъмин созем. Инчунин, соҳаҳои навинро илман асоснок намуда, ба роҳ монем, то барои миллати азияткашидаи тоҷик аз ҳисоби истифодаи боақлонаи захираҳои обии сарзаминашон миллиардҳо сомонӣ фоида оварда, рушди босуботи ҳокимиятдорӣ ва хештаншиносии роҳбариро таъмин гардонад. Оид ба баъзе аз ин равандҳо мо дар мавзӯи оянда гуфта мегузарем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор