Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
58.4. Ташаккули рушди босуботи ҳокимият ва
хештаншиносии роҳбарӣ дар менеҷмент
Амалигардонии ақидаҳо ва шаклу усули навини роҳбарӣ бо роҳи ташкили рушди босубот ва истифода аз кордонии роҳбари хештаншинос ба он вобаста мебошад, ки мо то чӣ андоза аз ҳокимияти роҳбарии хеш дуруст истифода карда метавонем. Оиди масоили хештаншиносии роҳбарӣ ва амалигардонии чунин ҳокимиятдорӣ ҳанӯз Луқмони Ҳаким дар замони худ таъкид карда буданд, ки:
«Барои роҳбари хештаншинос фақат ҳақиқатшиносӣ кам аст, ӯ бояд ҳақиқатро дар фаъолияти роҳбариаш амалӣ гардонад».
Аз ин бармеояд, ки мо бояд бевосита худ ташкилкунандаи фаъолияти дуруст ва исботкунандаи ақидаҳои самаранокии рушди босуботи ҳокимиятдорӣ бошем. Имрӯз муаммои муҳими ташаккули менеҷменти аксари корхонаҳои Тоҷикистон аз он иборат аст, ки роҳбарон новобаста аз соҳибмаълумот ва соҳибтаҷриба будан, қобилияту дониш ва дарку дурандешии амалигардонии рушди босуботро надоранд. Вақте роҳбар аз дарки амалии ин раванди самараноки иқтисодӣ бехабар аст, ӯ доимо ба мушкилотҳои ҷорӣ рӯ ба рӯ гашта, нигоҳи стратегии ояндаи корхонаро мушоҳида намекунад ва намебинад. Аз ин нуқта, ташкили ҳокимияти дурусти таъмини рушди босубот ва хештаншиносӣ моҳияти калони иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсӣ низ дорад. Бинобар ин, истифода аз ҳокимият ва таъмини рушди босубот, вазифаи муҳими хештаншиносии роҳбарӣ буда, роҳи дурусти ноил гаштан ба боварии кормандон ба шумори меравад. Дар ҳақиқат, вақте дар ниҳоди корманд ҳисси боварӣ ба ояндаи устувори ташкилот ва роҳбар пайдо мегардад, ӯ албатта самаранок меҳнат карда, тамоми қобилияташро барои дигаргунсозӣ ва беҳтарсозии фаъолияти корхона ва ба даст овардани манфият равона месозад.
Мафҳуми ҳокимияти мустаҳкам ва боварӣ ба ҳокимият дар байни
кормандон ба таври гуногун фаҳмида шуда, аксарият онро бо маҳдудсозии
фаъолияти дигарон ва ё истифодаи дигарон ба мақсади ҳукмронии худ баҳо
дода, ба хатоӣ роҳ медиҳанд. Истифодаи дурусти ҳокимият, ин на истифодаи
меҳнати дигарон ва ҳукмронии маҷбурӣ, балки ташкили муносибатҳои рушди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор