Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

экологигеро ба миён овардааст, ки ҳалли фаврии он вазифаи муқаддаси ҳар як роҳбари хештаншиноси менеҷменти корхонаҳои кишоварзӣ ва ҳокимиятдорони мамлакат мебошад. Саломатии одамон на фақат масоили алоҳидаи тандурустӣ, балки мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии роҳбарӣ буда, дар навбати худ ба инкишофи босуботи давлатдорӣ таъсири бевосита худро мерасонад.
Саломатӣ, на фақат беморӣ, балки пастшавии ҳосилнокии меҳнати кормандон, сустшавии фаҳмиш, камшавии қобилияти эҷодкорию кордонии онҳо ва ғ. ба ҳисоб меравад, ки дар оянда ба ҷомеаи тоҷикон метавонад миллиардҳо сомонӣ зарари иқтисодӣ ворид намояд.

ПАС, инкишофи экологикунонии истеҳсолоти кишоварзӣ имкон медиҳад, моли аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол намуда, сатҳи саломатии мардумро хуб нигоҳ дорем ва ҳосилнокии баланди меҳнатро дар ҳама соҳаҳои иқтисодӣ таъмин созем, ки заминаи асосии рушди босуботи ҳокимиятдорӣ ва расидан ба зинаи хештаншиносии роҳбарист.

Дар замони иқтисоди бозоргонӣ ва вобаста ба талаботҳои экологикунонии истеҳсолот, дар шароити имрӯзаи инкишофи иқтисодӣ ва хештаншиносии роҳбарии Тоҷикистон се захираи муҳими иқтисодӣ, бояд мақоми аввалиндараҷаро дошта бошанд: захираҳои башарӣ, замин ва об.

Оид ба равандҳои асосии рушди босуботи башарӣ ва истифодаи самараноки захираҳои замин мо дар мавзӯъҳои гузашта пурра гуфта гузаштаем. Оид ба захираҳои обӣ, гарчанде дар китоби 3 — юми менеҷмент ба таври муфассал гуфта бошем ҳам, дар ин нуқта боз як маротибаи дигар оид ба масоили мелиоративии истифодаи захираҳои обӣ андешаронӣ менамоем, ки аз нигоҳи мо дорои моҳияти хеле калони экологӣю иқтисодӣ ва иҷтимоии роҳбарӣ мебошад.

Ҳолати имрӯзаи мелиоратсия ва истифодабарии захираҳои обӣ дар мамлакат тағйироти куллии равандҳои онро талаб карда, бевосита ҳалли чунин масоилро дар бар мегирад:

  1. Таҳлили самараноки истифодабарии захираҳои обӣ ва системаи мелиоративии корхонаҳои кишоварзӣ. Даст кашидан аз истеҳсоли маҳсулоте, ки бисёр об талаб менамояд.
  2. Гузаштан ба шаклҳои анъанавии истифодабарии об ва обёрӣ, ҷорӣ кардани истифодаи пулакии об дар ҳама соҳаҳои иқтисодӣ.
пешина
аз 463
навбатӣ