Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
ва ё заҳхимикатро дар ҳавои кушод нигоҳ медоранд, ки дар фасли гарми тобистон хеле хавфнок буда, ба саломатии ҳазорҳо одамон таъсири манфӣ мерасонад. Шакли нодурусти дорупӯшӣ, обҳои поёнӣ ва зеризаминиро ифлос мекунад ва қариб 70% аҳолии деҳот аз он обҳо истифода менамоянд, ки боиси бемориҳои гуногун ва дараҷаи баланди фавти барвақтии аҳолӣ, махсусан кӯдакон гаштааст.
Ҳол он ки дар ҷаҳон қисмати зиёди фермерҳо ба системаи истеҳсолии «Зироатчигии биологӣ» гузашта, аз химиякунонӣ пурра даст кашидаанд. Дар системаи биотехнологии зироат, дар вақти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ риоя кардани талаботҳои зерини экологӣ мувофиқи мақсад аст:
- Гуногуншаклии намуди зироат ва риояи киштгардони пурраи замин.
- Тағйир додани мӯҳлати нақшунамои зироат бо роҳи селексионӣ ва биотехнологии.
- Роҳ надодан ба тамоми намуди ҳолатҳои вайроншавии қоидаҳои биологӣ ва экологии растанипарварию чорводорӣ.
- Назорати пайвастаи таркиби хок, тағйирёбии гармӣ ва намнокию сатҳи обҳои зеризаминӣ ва дигар хислатҳои хок.
- Пурра ба ҳисоб гирифтани талаботи шабонарӯзии инкишофи зироат ва дигаргуншавии талабот вобаста аз тағйирёбии экологӣ.
Риояи ин талаботҳо дар фаъолияти менеҷменти соҳаи кишоварзии тоҷик аз манфиат холӣ намебошад.
Нуқтаи муҳими экологикунонии фаъоляти роҳбарӣ он аст, ки даст кашидан аз химиякунонӣ имкони баландшавии ҳосилнокии меҳнати кормандонро фароҳам меорад. Дар ҷумҳурӣ имрӯзҳо қариб 60% аҳолии минтақаҳои обёришаванда, аз заифии қобилияти фаҳмиш ва паст будани дараҷаи дарки масоил, сустшавии қобилияти ҷисмонӣ ва инкишофи бадан, дар ҷавонӣ пайдо гаштани фишори баланд, фаъоляти номӯътадили асаб, нооромнии таппиши дил ва ғ. шикоят доранд, ки аслан мардуми камбизоати мамлакатро ташкил медиҳанд.
Риоя накардани қоидаҳои маъмули гигиенӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ, истеъмоли оби нӯшокии ифлос ва ифлосии муҳити атроф, мавҷуд набудани имкони харидани дорувории табобатӣ, бо сабаби камбизоатӣ масоили муҳими

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор