Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Истифодабарии ҳаматарафаи усулҳои навини биотехнологии парвариши зироати ба шароити экологии маҳал устувор, инкишофи намудҳои маҳаллии зироатҳо ва чорво.

  2. Ташкили системаи илмии киштгардон дар ҳамаи минтақаҳои парвариши зироат бо назардошти дараҷаи молнокӣ ва экологии зироат.

  3. Ташкили шаклҳои анъанавии коркарди хок ва ҷорӣ намудани системаи муҳофизатии хок.

  4. Истифодабарии усулҳои биологии муҳофизати растаниҳо, пурра гузаштан ба истеҳсоли аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ташкили маркетингӣ кишоварзӣ.

  5. Ташкили истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ вобаста аз минтақабандии экологӣ - иқтисодӣ. Низоми нархӣ ва ҳимояи молистеҳсолкунандаи ватанӣ ва мардуми камбизоат.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар тамоми минтақаҳои обёришавандаи мамлакат норасогии гумӯси хок ва ё вайронии таркиби гумӯс мушоҳида мешавад, ки барои пурра бартараф кардани ин камбудиҳо корҳои зиёди тадқиқоти илмии олимону роҳбарони хештаншиноси соҳа ва молиякунонии калон зарур мебошад. Аз ин ҳолат, дараҷаи пасти ҳосилнокии аксари зироатҳо, аз он ҷумла, пахтаю ғалладона гувоҳӣ медиҳад. Новобаста ба хароҷотҳои зиёди истеҳсолӣ, пахта сол аз сол ҳосили дилхоҳ надода, зараровар мебошад. Дар натиҷа, арзиши аслии истеҳсолии молҳои кишоварзӣ боло рафта, ҳатто дар бозори дохилаи мамлакат ба рақобат ҷавобгӯӣ намебошанд. Фақат бо роҳи додани нурии минералии зиёд ва кишти доимӣ истеҳсоли пахта зараровар буда, таъсири манфии худро қариб ба ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти кишвар, махсусан, ба соҳаи тандурустӣ расонида истодааст. Бар замми ин, қисми зиёди обҳои зеризаминӣ низ заҳрнопанд гаштаанд, ки ин хавфи калони экологию иқтисодӣ ба аҳолӣ дорад. Замини солим асоси истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва кафолату ҳосилхезии баланд мебошад.

Масоили муҳими экологикунонии фаъолияти истеҳсолӣ ва роҳбарӣ ташкили нигоҳдорӣ ва истифодабарии нуриҳои минералӣ ва органикӣ ва заҳрохимикатҳо мебошанд. Аксар маврид ҳодисаҳои нигоҳдорӣ ва ё кашонидани ғайриқоидавии экологиро мо дар фаъолияти роҳбарон мебинем, ки онҳо беаҳамиятӣ зоҳир намуда, тамоми муҳитпо ифлос карда, солу моҳи дароз нурӣ

пешина
аз 463
навбатӣ