Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
-
Истифодаи минималӣ ва мувозинатии нуриҳои минералӣ, порӯи органикӣ ва нигоҳдории мувозинатии гумусии хок. Гузаштан ба шаклҳои биологии муҳофизати растаниҳо.
-
Нигоҳ доштани инкишофи мувозинатии соҳаҳои чорводорӣ ва растанипарварӣ дар соҳаи кишоварзӣ.
-
Ташкили менеҷменти хоҷагиҳои нави бевосита ба истеҳсолоти моли инноватсионӣ равонакардашуда.
-
Истифодаи самараноки дастовардҳои инноватсионии технологӣ, коркард ва инкишофи зироат. Нишонагирӣ ба беҳтар кардани зироат ва баландбардории ҳосилнокии зироат ва чорво.
Таҷрибаи ҷаҳониён гувоҳи он мебошад, ки дар экологикунонии истеҳсолоти кишоварзӣ, маданияти баланди роҳбарӣ дар менеҷмент ва маданияти бевоситаи зироаткории деҳқонон мақоми арзанда мебозад. Дар ин нуқта, киштгардони мувофиқи зироат, интихоби вақти кишту ҳосилғундорӣ, тарзи коркарди агробиологӣ ва нигоҳубини зироат нақши бузург дошта, аз ҳар як менеҷер ва ё роҳбари хештаншинос, донистани маданияти таърихии заминдорӣ ва урфу одати зироатчигиро талаб менамояд. Роҳбари хештаншиноси бахши кишоварзӣ, бояд пурра аз урфу одат ва хислатҳои хоси миллии зироатчигӣ, парҳезкорӣ ва тозагии рафтор, расму русуми мардум огоҳӣ дошта, бо риояи талаботҳои экологикунонии кишоварзӣ ҳокимиятдорӣ намоянд.
Албатта, ҷорӣ намудани қоидаҳои хоси экологикунонии истеҳсолоти кишоварзӣ бе доштани донишҳои баланди этникию таърихии ҳокимиятдории мардуми маҳал, дониши экологию агрономии замонавӣ ва риояи қоидаҳои зинаи баланди хештаншиносии роҳбарӣ ғайриимкон мебошад. Аз тарафи дигар, аз ӯҳдаи ташаккули шаклҳои нави хоҷагиҳо ва роҳбарӣ дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва истифодаи технологияи навину ба талаботи экологӣ ҷавобгӯй фақат роҳбаре мебарояд, ки аз системаи дохилии замин, истифодабарии ҷӯю ваҳбурҳо ва обгузаронии ҳар як минтақа бохабар бошад. Ташкили корҳои муҳофизати замин ҳуқуқу вазифаҳои ҳокимиятдорию заминдорӣ, аз ҷумлаи чорабиниҳои асосии системаи зироатчигӣ буда, иҷрои вазифаҳои зерини роҳбариро дар бар мегирад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор