Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
-
Ифлосшавии муҳити атроф дар натиҷаи истифодаи нодуруст ва зиёди нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо.
-
Масоили паст гаштани сифати маҳсулоти кишоварзӣ вобаста ба истифодаи химиякунонӣ ва зиёдшавии бемориҳо.
-
Нобудшавии зиёди маҳсулоти кишоварзӣ аз сабаби мавҷуд набудани системаи менеҷменти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва фурӯши он.
-
Аз байн рафтани шаклҳои анъанавии хоҷагидорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ, вайрон шудани мувозинати зироатчигӣ, паст будани сатҳи хештаншиносии роҳбарони бахши агросаноатӣ ва номувофиқатии ҳокимиятдорӣ.
Дар ҳақиқат, инкишофи бемайлони минтақавии соҳаи кишоварзӣ, бе назардошти имкони экологӣ ва аз меъёр зиёди истифодаи об, ки солҳои тӯлонӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо мебошад, ба обхӯрдашавии заминҳои кишоварзӣ ва камқувват гаштани ҳосилнокии онҳо оварда расонидааст. Аз дигар тараф, ташкили тарзи номувофиқи хоҷагидорию ҳокимиятдорӣ ва миқдори ками мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, сатҳи пасти дониш ва зинаи инкишофи роҳбарӣ дар менеҷменти хоҷагиҳо боиси он гардидааст, ки ҳатто меъёрҳои оддии заминдорӣ риоя карда намешаванд. Бинобар ин, имрӯз гузаронидани ислоҳоти заминро дар соҳаи кишоварзӣ шарти муҳими баромадан аз чунин ҳолати бӯҳронӣ номидан мумкин аст. Чунончӣ, академик Романенко Г.А. қайд менамоянд: «Гузариши иқтисодии сектори аграрӣ ба муносибатҳои гуногуншакли моликият дар шароити иқтисоди бозорӣ зарурияти дигаргунсозии масоили гуногуни ташкили истеҳсолот ва ҳокимиятдориро дар корхонаҳои КАС талаб мекунад. Мо куллиан ба сохтори нави муносибатҳои хоҷагидорию заминдорӣ сару кор дорем».
Таҷрибаи ҷаҳониён нишон медиҳад, ки бозор на ҳама вақт имкони таъмини рушди босуботи соҳаи кишоварзиро дорад, махсусан, дар давраи аввали гузариш. Масоили истифодабарии замин бояд давра ба давра мавриди танзими давлат қарор гирад. Дар мамолики тараққикардаи Олмон, Амрико, Ҷопон барномаҳои экологию иқтисодии истифодабарии замин тартиб дода шуда, ҳолатҳои бадшавии сифати хок ва паст шудани ҳосилнокии замин пайваста
1 Романенко Г.А. Аграрная реформа и сельскохозяйственная наука. // Вестник РАСХН., 1994, №2, с.5.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор