Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
мавриди назорати қатъии давлат ва молиягузории иловагӣ қарор мегирад. Ҳатто, қисми зиёди заминҳои кишоварзӣ аз гардиш бароварда шуда, барои барқароршавӣ гузошта мешаванд. Агар боз ҳолатҳои вазнини муносибатҳои заминдорӣ мушоҳида карда шаванд, он гоҳ зарурияти ислоҳоти заминро ба миён мегузоранд ва ҳатман ислоҳот гузаронида мешавад. Қонун дар бораи ислоҳоти замин бароварда мешавад, ки мувофиқи он, ислоҳот бояд самаранокии истифодабарии заминро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин созад. Хоҳишмандон ҳуқуқи пурраи гирифтани заминро дошта, ҳукумати маҳал ва ташкилотҳои танзими истифодабарии замин, хоҳишмандони заминро бо он таъмин месозанд.
Раванди дигари таъмини самаранокии экологиию иқтисодии истифодабарии замин муайян кардани механизми хоҷагидорӣ ва меъёрҳо, стандартҳои истифодаи замин вобаста ба сифати истифодабарии он буда, намуди ҷарима ва ҷазо, барои вайронкунандагони ин стандартҳо бояд муайян бошанд. Аз тарафи дигар, қоидаҳои истифодабарии замин, бояд ба талаботҳои бозорӣ мувофиқат намуда, идоракунии истифодабарии он шакли демократиро дошта бошад. Муносибати бевоситаи байни заминистифодабаранда ва давлат аз рӯи қоидаҳои иқтисодии бозорӣ ба роҳ монда шаванд. Давлат дар навбати худ вазифадор мебошад, ки инкишофи инфрасохтори заминистифодабариро пайгирӣ карда, барои таъмини навъҳои беҳтарини тухмӣ, озмоишгоҳҳои илмии заминсанҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сохтмони роҳҳо ва техники кишоварзӣ чораҳои зарурӣ биандешад ва махсусан, ба 10-12 намуди маҳсулоти аввалиндараҷа таъмин созад.
Асоси иҷтимоии соҳаи кишоварзиро деҳқонон, иҷоракорон, қисме аз аҳолии шаҳр, ки хоҷагиҳои ёрирасон ва ё боғҳои истироҳатӣ доранд, инчунин мутахассисони бахши кишоварзӣ ташкил медиҳанд. Аз ин хотир, ҳимояи иҷтимоии ин гурӯҳи аҳолӣ, шарти зарурии ислоҳоти замин ба ҳисоб меравад, чунки дар Тоҷикистон нобаробарии ҷойгиршавии аҳолӣ ва захираҳои замин баръало ба назар мерасад. Тақсимоти якхелаи миқдори замин ба аҳолӣ боиси норозигӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ мегардад. Бинобар ин, деҳқоне, ки як порчаи замин дорад, бояд қонунан ҳимоя карда шавад ва аз нигоҳи иқтисодӣ мустақил бошад.
Таъмини ҳуқуқии истифодаи замин ва интихоби шаклҳои дурусти роҳбарии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо ҳам вобастагӣ дошта, рушди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор