Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
ин ҳосили баланд ва маданияти баланди заминдории мардуми Миср дида кардааст.
Барои муқоиса дар Тоҷикистон ҳосилнокии миёнаи гандум 15 - 18 сентнериро ташкил медиҳаду халос.
Дар давлатҳои собиқ лагери сотсиалистӣ Венгрия, Полша, Чехословакия, Руминия ва Прибалтика аллакай аввали солҳои 90 — ум ислоҳоти замин гузаронида шуда буд, ки натиҷаи хеле мусбӣ додааст.
Миссолҳои дар боло овардашуда гувоҳи он мебошанд, ки гузаронидани ислоҳоти пурраи муносибатҳои заминдорӣ, шарти зарурии рушди босуботи экологию иқтисодӣ мебошад. Инчунин, усулҳои гуногуни ислоҳоти заминро омӯхта, метавонем амалӣ гардонем, то самаранокии истифодабарии заминро дар Тоҷикистон таъмин ва менеҷменти муосири тоҷикро дар соҳаи агросаноатӣ барпо намоем.
Истеҳсолоти кишоварзӣ, ки асосан ба дигаргушавии ҳолати биологӣ ва истифодаи иқтидори ҳосилнокии замин асос меёбад, хоҳ нохоҳ ба вайроншавии мувозинати экогармоникӣ сабаб мешавад. Дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 90% маҳсулоти кишоварзӣ аз заминҳои обӣ истеҳсол карда мешавад, боз таъсири баланди мелиоративӣ ба замин мушоҳида мешавад. Инчунин, истифодаи техника ва миқдори зиёди нуриҳои минералӣ дар ин заминҳо, боиси вайроншавии ҳолати мувозинатии гумӯси замин ва вайроншавии муҳити зист гаштааст. Нисфи зиёди маҳаллаҳои аҳолинишин дар деҳот ба минтақаҳои дорои хатари баланди экологӣ табдил ёфта, ҳатто ҳаёти одамон низ дар зери хатаранд. Асоси чунин ҳолати ғайримувозинатиро мо дар сатҳи пасти хештаншиносии роҳбарони бахши кишоварзӣ мебинем.
Асосан, муаммоҳои экологии соҳаи кишоварзиро, ки боиси паст шудани дараҷаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ гардидааст, чунин табақабандӣ кардан мумкин аст:
- Зиёдшавии ҳаҷми умумии истифодаи замин ва харобшавии хок.
- Мавҷуд будани шаклҳои ғайрисамараноки системаи хоҷагидорӣю идоравӣ дар кишоварзӣ.
- Масоили истифодаи техника ва технологияи кӯҳна дар обёрии заминҳои кишоварзӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор