Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Ин буҳронро ҳамчун буҳрони муносибатҳои роҳбарӣ баҳо додан мумкин аст. Инкишофи бемайлони якказироити пахта ва обёрии заминҳо бе назардошти ҳадди экологӣ, ба инобат нагирифтани омили иҷтимоию этникӣ дар коллективикунонии солҳои 50-ум ва химиякунонии бемайлони солҳои 70-80-уми асри гузашта, асоси пайдошавии ин ҳолатҳо гаштаанд.

Ба моликияти пурраи давлатӣ табдил додани замин ва аз истифодаи мустақиди муносибатҳои заминдорӣ озод намудани деҳқонон, дар замони Шӯравӣ муносибатҳои молию пулиро дар соҳаи кишоварзӣ барҳам дода, умуман, деҳқон маънои аслии роҳбари мустақили оила будани худро аз даст дода, фақат оилаи худро бо мушкилие таъмин мекарду халос.

Ислоҳоти замин роҳи инқилобии додани ҳуқуқи истифодабарандаи замин аз як субъект ба субъекти дигар мебошад, ки бевосита ба истифодабарии ин сарвати бебаҳо машғул аст.

Таҷрибаи ҷаҳониён гувоҳи он аст, ки гуногуншаклии моликият ба замин имкони истифодабарии самараноки онро таъмин намуда, муносибатҳои роҳбарии аграриро куллан тағйир медиҳад.

Миссол, дар Ҳиндустон баъд аз ба даст овардани мустақилият дар миёнаи асри гузашта Конгресси миллии Ҳиндустон оиди ислоҳоти аграрӣ як қатор барномаҳо қабул намудааст (1931; 1946; 1949с.), ки дар он роҳҳои гуногуни танзими заминдорӣ ва муносибатҳои хоҷагидорию идоракунии соҳа пешниҳод карда шуда буданд. Мисол, барои оилаи иборат аз 5 нафар аз 4,05 - 7,28 гектарро вобаста аз сифати замин ҷудо мекарданд. Ё ислоҳоти замин дар Мексика аз рӯи системаи «Эхидо» ташкил карда шуда, барои моликияти хусусӣ ба замин то 50 гектар кафолати давлатӣ дода мешуд. Дар ин мамлакат дар мӯҳлати қариб 60 сол то солҳои 70-уми асри гузашта, зиёда аз 14 қонуни танзимкунандаи заминдорӣ қабул карда шудааст. Ё дар Миср баъди инқилоби соли 1952-юм миқдори камтарини замини хусусӣ мутаносибан ба як оила 100 федон (1 федон = 0,42 гектар) ва заминҳои давлатӣ бошад ҳамагӣ 20% замини кишоварзиро ташкил мекунаду халос. Ҳосилнокиро аз як гектари замини гандум дар соли 2000-ум то 120 сентнер расонидаанд. Банда ҳангоми сафарҳои хизматӣ ба Қоҳира солҳои 1995 ва 2004-ум бо чашми худ аз

пешина
аз 463
навбатӣ