Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

57.6. Сухан андар зиндагиномаи мардони хештаншинос

Пифагор аз Кротон.1

Гуфторҳо дар бораи зиндагиномаи риёзидони бузурги ҷаҳон Пифагор, зиёда аз 2500 сол боз дар шаклҳои гуногун мавҷуданд, ки яке дигареро пурра месозанд ва аз ҳамдигар ҷудо кардани онҳо хеле мушкил аст. Аммо барои мо муҳим он аст, ки маҳз аз рӯи ҷадвали Пифагор ҳар яки мо ҳисобро аз худ кардем, ки асоси фаъолияти роҳбариро ташкил медиҳад. Бинобар ин, мо зарур шуморидем, ки дар бораи ин шахсияти хештаншиноси таърихӣ, каме ҳам бошад ба Шумо, хонандаи азиз, маълумоте пешниҳод намоем.

Таваллуд шудани ин файласуфи бузург аз тарафи донишманди бузург Апполон ба падару модараш Мнесарх ва Парфенис пешгӯӣ шуда буд. Ҳангоме ки онҳо барои тиҷорат аз Самос ба Делфия омаданд, Апполон солидайнро ба назди худ даъват намуда, хабар дод, ки ба наздикӣ аз Шумо фарзанде ба дунё меояд, ки ба хирадмандӣ ва зебоӣ ҳанӯз таърихи башар надидааст. Гарчанде онҳо дар аввал он қадар боварӣ надоштанд, баъди чанд моҳе онро эътироф карданд. Ва ҳатто аз хурсандӣ номи хонаводагиашонро дигар карда, бо номи мардуми Делфия, Пифазис номиданд ва номи Пифагор низ ба он вобаста мебошад.

Пифагор дар шаҳри Сидони Сурия, тақрибан дар байни солҳои 600 - 590 то солшумории мо ба дунё омадааст. Баъди яксолагӣ ӯро дар калисо ав маросими динӣ гузаронида, баъдан аҳли оила ба Самос баргаштанд. Аз рӯи баъзе ривоятҳо таваллуди Пифагор ба таваллуди ҳазрати Исо мувофиқ аст. Вобаста аз ин Пифагорро низ мардум ба сифати фарзанди Худо мешинохтаанд.

Дар синни 18 солагӣ Пифагор аз Гермодам дар Самос ва дар бистсолагӣ аз Фересид таълим гирифтааст. Қобилияти баланди ӯро нисбат ба илми фалсафа ба инобат гирифта, файласуфи бузурги он давр Пифагорро ба назди Фиръавн Амаяис равон карда, хоҳиш менамояд, ки ӯро ба назди Мемфиса барои таълим

  1. О. Диксон. П. Гросс. Тайни древних наук. — М., 2001, 416 с. (Аз русӣ мазмунан тарҷумаан Ғ. Т.)
пешина
аз 463
навбатӣ