Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
фиристод. Ҳамин тариқ, ӯ 22-соли умри худро дар Миср мегузаронад ва таълимоти Зардуштро низ аз худ мекунад.
Баъди баргаштан ба Греция, Пифагор шаҳри Делфияро, ки барои ӯ хеле муқаддас буд, зиёрат мекунад ва боз ба файласуфони дигар шиносоӣ пайдо карда, хоҳиши ташкил кардани мактаби маънавии худро менамояд. Барои ба ин мақсад расидан ӯ ба Кротон, ки дар қисми ҷанубии Италия ҷойгир буд, равон мешавад ва дар байни омма баромад карда, бо суханҳои дилнишин ва хирадмандона ва қаду қомати зебои худ мардумро дар ҳайрат монда, дар байни ҷавонон ва занон тарафдорони зиёде пайдо месозад. Баъди дастгирии зиёд аз ҷониби мардум Пифагор имкон пайдо мекунад, ки Донишгоҳ бунёд намояд.
Вобаста аз синну сол Пифагор боз инкишоф ёфта, пухтатар мегардад. Дар синни 60-солагӣ ӯ ба донишҷӯи худ Феано оиладор шуда, соҳиби ҳафт писар мешавад.
Новобаста аз он, ки Пифагор доимо ба мардум кӯшиши некӣ кардан дошт, дар муддати 30-соли зиндагӣ дар Кротон душманони зиёде пайдо кард, ки ба ҷони ӯ сӯиқасд ташкил карда, мехостанд ҷаҳонбинии ӯро маҳкум созанд. Аммо бори Худованд, ки ҳамеша тарафдори кори ҳақ мебошад, Пифагорро аз сӯиқасде, ки мактаби ӯро оташ заданд ва чанде шогирдонаш нобуд шуд, халос гардонида, то 100 сол умр мебинад. Шогирдони ӯ дар тамоми ҷаҳон паҳн шуда таълимоти ӯро, аз насл ба насл, то имрӯз давом дода истодаанд.
Фән - шуй ё санъати геомантии чинӣ.1
Дар Ҷумҳурии Чин то солҳои наздик таълимоти махсуси санъати геомантия ё фән-шуй (шамол ва об) хеле инкишоф ёфта буд ва ба он диққати махсус медоданд.
Геомантия гуфта, санъати мутаносиби ҷойгиркунии бино, роҳ, сохтмонҳоро бо табиат мефаҳмонанд, ки одамон ва табиатро солим нигоҳ дорад.
Дар Ҷумҳурии Чин геомантҳо гуфта, касонеро мемонанд, ки дар бадани худ қувваи барқро ҳис карда, онро аз қувваи кашиши замин ва аз хатҳои нури осмонӣ мегиранд. Биноҳо, дарахтон, чӯб ва ҳатто санг низ чунин қувваи барқро
1 О.Диксон. П. Гросс. Тайни древних наук. - М., 2001, 416с. (Аз русӣ мазмунан тарҷуман Ғ.Т.)

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо