Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Нигоҳдории саломатии хуби пешвой кафолати фаъолияти самараноки роҳбарӣ мебошад. Варзиши пайвастаи бадан ва ташкили ҳар гуна мусобиқаҳои варзишӣ дар дохили корхона, қисми муҳими тарбияи хештаншиносии роҳбарӣ ҳисоб ёфта, ҳолати хуби рӯҳию физиологии кормандонро нигоҳ медорад ва ҳосилнокии баланди меҳнатро таъмин месозад. Ба ақидаи аксари олимони бахши менеҷмент ва рӯҳшиносон саломатии одамон, таъминкунандаи дарки дурусти масоили роҳбарист. Корманди солим қувваи зиёди муқобилият ба ҳолатҳои мураккаби роҳбарӣ дорад ва дар ҳама ҳолат масъулиятро ба дӯши худ гирифта метавонад. Корманди солим, аслан, кушодарӯй буда, ҳеҷ гоҳ ба эҳсосот дода намешавад ва ҳар гуна масоилро оромона ҳаллу фасл намуда, роҳи ақлонии бартараф кардани муноқишаро пайдо карда метавонад. Корманди солим ба оламу одам нигоҳи солим дошта, дурандешу ботамкину ҳунарманду эҷодкор аст. Хулоса, фақат ва фақат корманди солим метавонад пешвои хештаншинос гардад.

Хонандаи азиз, ҳамин тариқ, мо ба ҷое расидем, ки хулосаи худро оид ба хислатҳои хоси пешвой, ки аз кори тарбиявии менеҷмент бармеоянд, гуфта гузарем. Асосан, хислати самараноки пешвоиро ба панҷ қисм ҷудо мекунанд:

  1. Боварии қатъӣ ҳосил кардан. Пешвои асил бо боварии комил ба кору фаъолият оғоз карда, ҳеҷ гоҳ хаста ва пушаймону ноумед намешавад.

  2. Рафтори ҳамидаи инсонӣ доштан. Мо ҳеҷ гоҳ инсон будани худро набояд фаромӯш кунем.

  3. Хоксор будани пешво. Дар мавзӯъҳои пешин, мо оид ба ин хислат ба таври муфассал гуфта гузаштем ва мисолҳои зиёдеро аз зиндагиномаи Луқмони Ҳаким овардем.

  4. Зиндадил будани пешво. Пешвои хештаншинос андаке шӯхмиҷоз буда, дар зиндагонӣ хушҳолу кушодачеҳра мебошад.

  5. Ҷавонмарди асил будани пешво. Ӯ тамоми фаъолияти роҳбариро ҷавонмардона иҷро карда, ҳеҷ гоҳ аз тақдир наменолад.

пешина
аз 463
навбатӣ