Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
донишмандони тоҷикро дар тадқиқот ва ривоҷу равнақи роҳбарӣ бо далелҳои гуфтаҳои аниқи таърихии эшон дар асарҳошон нишон диҳем.
Барои пурратар кардани мақсадҳои олии хеш, мо боз бо истифода аз сарчашмаҳои ақлонии бузургуному донишмандони миллати гуногуни дунё кӯшиш намудем, ки фикру ақоиди онҳоро низ дар як пайдарпаии мантиқии таълимӣ дар шакли панҷ китоби дарсӣ пешкаши Шумо, хонандаи азиз, гардонем.
Ин пайдарпаиро мо вобаста аз қобилияти зеҳнии шогирдон дар курсҳои академии макотиби олӣ ба назар гирифта, аз фаҳмишҳои оддие, ки баъди ба анҷом расонидани курси назарияи иқтисод, аз курси 2-юм оғоз ёфта, то курси 5-ум аз китоби 1-ум то 5-ум дар ҳаҷми умумӣ то 1000 соат имкони омӯзонидан дорад, тарҳрезӣ намудем, ки барои инкишоф ва ташаккули зеҳнии ҳар як роҳбари оянда сарчашмаи назариявии касбӣ хоҳад гардид.
Аз китобҳои мазкур, ки дар 59 боб, 300 мавзӯи муҳими менеҷмент ва зиёда аз 500 сарчашмаи адабиёт, саволҳои санҷишию тестӣ, гуфторҳои хирадномаҳои мутафаккирони бузурги таърихӣ ва муосири ватанӣ ва хориҷиро дар бар мегиранд Шумо метавонед ба бисёр масоили менеҷменти имрӯза ҷавоби мушаххас пайдо намоед.
Китоби аввал оид ба мавзӯъҳои асосҳои илмии менеҷмент, сарчашмаҳои таърихии пайдоиши илми менеҷмент, давраҳои таърихӣ, вазифа, сохтор ва талаботҳои менеҷмент, технологияи менеҷмент, таъминоти ахбории менеҷмент, этика ва коммуникатсияи менеҷмент, мақсадгузорӣ ва банақшагирӣ, мотиватсия ва ташкили коллективҳои меҳнатӣ, шаклу намудҳои корхонаҳо ва сохтори идоравӣ, ҳокимият ва роҳбарият, менеҷменти стратегӣ маълумоти пурра медиҳад.
Китоби дуюм оиди ташкили фаъолиятҳои алоҳидаи менеҷмент, вазифаҳо ва функцияҳои менеҷерон, пешвоён ва талаботҳои пешвой, лоиҳасозӣ, моделсозӣ ва хусусиятҳои менеҷменти муосир, қарори идоравӣ, талаботҳо ва шаклҳои қарорҳои менеҷмент, системаи менеҷменти ташкилотҳо ва намудҳо, функция ва талаботҳои онҳо, менеҷменти навоварӣ ва байналхалқӣ, панду ҳикматҳои миллати тоҷик ва дигар донишмандон оиди менеҷментро дар бар мегирад.
Китоби сеюм ба санъати роҳбарӣ дар менеҷменти корхона бахшида шуда, дар он доир ба талаботҳо ва роҳҳои асосии ноил гаштан ба санъати баланди кордонӣ ва ҳунармандӣ, санъати ташкили кор бо кормандон, истифодаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё