Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
самаранокии вақт, вақтшиносӣ, шахсият ва мақоми он дар менеҷмент, муноқиша ва санъати ҳалли он, ташкили идоракунии буҷа ва баҳисобгирии роҳбарӣ, санъати фурӯши молҳо ва хизматрасонӣ, глобализатсия ва ташаккули менеҷменти касбӣ дар Тоҷикистон, фикру ақидаҳои асосгузорони илми менеҷмент ва тестҳои санҷишӣ оварда шудааст.
Китоби чорум хиради роҳбарӣ ном дошта, дар он оиди таърихи давладорӣ ва роҳбарии хирадмандонаи миллати тоҷик дар давраҳои муайяни таърихӣ, гуфтаҳо ва асарҳои таърихии зиёда аз 37 донишмандони миллати тоҷик вобаста ба замони зиндагиашон ҳамчун асосгузорони илми хиради роҳбарӣ ба таври гулчин пешниҳод шудааст. Инчунин, дар китоби мазкур қонуниятҳо ва талаботҳои асосии хираду хирадмандӣ дар менеҷмент, талаботҳои ақидаронӣ, олиҳимматӣ ва шуҷоатмандии роҳбарӣ, хиради экологӣ ва дӯстдорию табиатшиносии роҳбар, ҷаҳонбинии хирадмандони менеҷменти асри XXI зикр гардидааст. Дар охири ҳар бахши ин китоб, дар фасли гуфтор андар ҷавҳари роҳбарӣ дар ҳолатҳои гуногун аз номи хирадмандони халқу миллатҳои гуногуни дунё хираднома гирд овардаем.
Китоби панҷум хештаншиносии роҳбарӣ унвон дошта, дар он таълимоти талаботҳои расидан ба зинаи олии сарварӣ, ҷараён ва нерӯи бузурги хештаншиносӣ дар менеҷмент, маданиятшиносӣ ва диншиносии роҳбарӣ, механизми иқтисодии расидан ба хештаншиносии роҳбарӣ, равандҳои консепсияи хештаншиносӣ, рушди босуботи башарӣ ва ташаккули зеҳнии аҳолӣ ҳамчун нерӯи асосии расидан ба хештаншиносӣ, мақоми илму маърифати ҷомеа дар тарбияи хештаншиносии роҳбар ва роҳҳои ташаккули босуботи иқтисодии ҳокимиятдорӣ ва хештаншиносии роҳбарӣ, инчунин, гуфтор андар зиндагиномаи мардони хештаншиноси таърихӣ оварда шудааст.
Дар охири ин қисм мо зарур шуморидем, ки ҳазору як саволу ҷавоби менеҷментро аз панҷ китобамон бароитон ҳамчун роҳнамо пешниҳод намоем ва боварӣ дорем, ки бо азбар намудани мазмуни ин мафҳумҳо дониши худро оиди менеҷмент пурра мегардонед.
Хонандаи азиз! Бояд гуфт, ки то замоне зиндагонӣ дар рӯи Замин мавҷуд аст, ҳаракат ва инкишоф вуҷуд дорад, илми менеҷмент низ инкишофу ташаккул меёбад ва мо боз мафҳуму фаҳмишҳои навинро пайдо месозем,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё