Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
САРСУХАН
Хонандаи азиз!
Тадқиқоти васею пурраи понздаҳсолаи илмию амалии менеҷмент моро ба он нуқтаи боварӣ расонид, ки ин илми басе мушкилу мураккаби инсонӣ аз доираи илмҳои иқтисодию педагогӣ, риёзӣю информатика, санъату хирадмандӣ, бештар доман паҳн карда, то ба арши баланди фалсафии хештаншиносии роҳбарӣ расида, решаҳои чуқури худро доштааст, ки таърихи ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад.
Менеҷмент илми хештаншиносии роҳбарӣ буда, аз ҳар як фарди роҳбар ва соҳибақл талаботҳои олии рафтори инсониеро талаб менамояд, ки асосашро дӯстдории баланди илоҳӣ, адолатхоҳию ҳақиқатпарастӣ, некбинию некпарастӣ, ҳаллимӣю инсондӯстӣ, меҳрубонию дилсӯзӣ, донишомӯзию илмпарастӣ, эҷодкорию навоварӣ, тозагию саломатии одаму табиат, боварӣ ва устодии касбӣ, оилаву фарзанддорӣ, ватандорию халқшиносӣ ташкил медиҳад.
Ин қонунияту талаботҳо ва қоидаҳоро банда дар вақти таълифи панҷ китоби дарсии менеҷмент ба асос гирифта, ҳамчун нишонои олии ташаккули менеҷменти муосири тоҷик ва роҳнамои расидан ба зинаи хештаншиносии роҳбарии соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, барои шогирдону роҳбарони ояндаи мамлакатамон ва инчунин шахсони хоҳиши зиндагонии хуб дошта, мавриди омӯзиш қарор додам.
Ҳангоми тадқиқот ва интихоби мавзӯъҳои илмии менеҷмент мақсади асосии мо равона сохтани тамоми донишу ақлу хираду фаҳмиши назариявии хеш баҳри дарёфти моҳияти фалсафии мафҳумҳои олии рафтори роҳбарӣ, сохтору шаклу намудҳои гуногуни менеҷменти муосири корхонаҳо, усулҳо, роҳҳо ва мақсадҳои олии истифодабарии захираҳо ва равандҳои концептуалии расидан ба зинаи олии сарварӣ — хештаншиносӣ буда, то андозае, ки Худованди пок барои мо имкон доданд, онро бароятон бо забони шевои модарии тоҷикӣ рӯи қоғаз овардаем.
Инчунин, кӯшиш ба харҷ додем, ки мавқеи иҷтимоию иқтисодӣ, таърихию этнографии миллати тоҷикро дар асосгузорӣ ва ташаккули илми менеҷмент, роҳҳо ва усулҳои хирадмандонаи давлатдорӣ ва ташкили роҳбариро дар зинаҳои гуногуни инкишофи иқтисодию таърихии башарӣ ва осори бебаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё