Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт

Китоби дарсии Менеҷмент аз 5 қисм иборат буда, 59 боб, 300 мавзӯи муҳими менеҷмент, зиёда аз 500 сарчашмаи адабиёт, саволҳои санҷишию тестӣ ва гуфторҳою хирадномаҳои мутафаккирони бузурги таърихиро дар бар мегирад.

Китоби аввал оид ба мавзӯъҳои асосҳои илми менеҷмент, сарчашмаҳои таърихии пайдоиши илми менеҷмент, давраҳои таърихӣ, вазифа, сохтор ва талаботҳои менеҷмент, технологияи менеҷмент, таъминоти ахбории менеҷмент, этика ва иртиботи менеҷмент, мақсадгузорӣ ва банақшагирӣ, мақсаднокӣ ва ташкили дастаҳои меҳнатӣ, шаклу намудҳои корхонаҳо ва сохтори идоравӣ, ҳокимият ва роҳбарият, менеҷменти стратегӣ маълумоти пурра медиҳад.

Китоби дуюм ташкили фаъолияти алоҳидаи менеҷмент, вазифаҳо ва функцияҳои менеҷерон, пешвоён ва талаботҳои пешвой, лоиҳасозӣ, моделсозӣ ва хусусиятҳои менеҷменти муосир, қарори идоравӣ, талаботҳо ва шаклҳои қарорҳои менеҷмент, системаи менеҷменти ташкилотҳо ва намудҳо, функция ва талаботҳои онҳо, менеҷменти навоварӣ ва байналхалқӣ, панду ҳикматҳои миллати тоҷик ва дигар донишмандон оид ба менеҷментро дар бар мегирад.

Китоби сеюм ба санъати роҳбарӣ дар менеҷменти корхона бахшида шуда, дар он доир ба талаботҳо ва роҳҳои асосии ноил гаштан ба санъати баланди кордонӣ ва ҳунарманду, санъати ташкили кор бо кормандон, истифодаи самараноки вақт, вақтшиносӣ, шахсият ва мақоми он дар менеҷмент, муноқиша ва санъати ҳалли он, ташкили идоракунии буҷа ва баҳисобгирии роҳбарӣ, санъати фурӯши молҳо ва хизматрасонӣ, глобализатсия ва ташаккули менеҷменти касбӣ дар Тоҷикистон фикру ақидаҳои асосгузорони илми менеҷмент ва тестҳои санҷишӣ оварда шудааст.

Китоби чорум хиради роҳбарӣ ном дошта, дар он оид ба таърихи давлатдорӣ ва роҳбарии хирадмандонаи миллати тоҷик дар давраҳои муайяни таърихӣ, гуфтаҳо ва асарҳои таърихии зиёда аз 37 донишмандони миллати тоҷик вобаста ба замони зиндагиашон ҳамчун асосгузорони илми хиради роҳбарӣ ба таври гулчин пешниҳод шудааст. Инчунин, дар китоби мазкур қонуниятҳо ва талаботҳои асосии хирадмандӣ дар менеҷмент, талаботҳои ақидаронӣ, олиҳимматӣ ва шуҷоатмандии роҳбарӣ, хиради экологӣ ва дӯстдорию табиатшиносии роҳбар, ҷаҳонбинии хирадмандони асри XXI зикр гардидаанд. Дар охири ҳар бахши ин китоб дар фасли гуфтор андар ҷавҳари роҳбарӣ дар ҳолатҳои гуногун, инчунин, аз номи хирадмандони халқу миллатҳои гуногуни дунё хираднома гирд овардаем.

Китоби панҷум хештаншиносии роҳбарӣ унвон дошта, дар он таълимоти талаботҳои расидан ба зинаи олии сарварӣ, ҷараён ва нерӯи бузурги хештаншиносӣ дар менеҷмент, маданиятшиносӣ ва диншиносии роҳбар, механизми иқтисодии расидан ба хештаншиносии роҳбарӣ, равандҳои концептуалии хештаншиносӣ, рушди босуботи башарӣ ва ташаккули зеҳнии аҳолӣ ҳамчун нерӯи асосии расидан ба хештаншиносӣ, мақоми илму маърифати ҷомеа дар тарбияи хештаншиносии роҳбар ва роҳҳои ташаккули босуботи иқтисодии ҳокимиятдорӣ ва хештаншиносии роҳбарӣ, инчунин, гуфтор андар зиндагиномаи мардони хештаншиноси таърихӣ оварда шудааст.

Дар охири ин қисм ҳазору як саволу ҷавоби менеҷментро аз панҷ китоб ҳамчун роҳнамо бароитон пешниҳод намудаем.

Китоби дарсии барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, омӯзгорону муҳаққиқон ва роҳбарони зинаҳои гуногуни идоракунӣ, инчунин, шахсони хоҳиши зиндагонии хуб дошта, тавсия мешавад.

аз 463
навбатӣ