Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
- Сармояи баланди зеҳнӣ, ҳунари фикрронии таҳлилӣ ва эҳсосоти баланди дарки назариявии масоил.
Ташаккули хислатҳои дар боло овардашудаи пешвой имкон медиҳанд, ки онҳо дар шароити глобализатсияи амиқи иқтисодӣ самаранок кору фаъолият намоянд. Хонандаи азиз, оиди сарчашмаи аввалии пешвой дар оила ва мактаб, мо дар мавзӯи пешина гуфта гузаштем ва дар ин нуқта, як бори дигар таъкид менамоем, ки заминаи асосии тарбияро ҳар як фарзанд аз оила гирифта, дар мактабу корхона онро ташаккул дода, ба зинаҳои баланди пешвой мерасад.
Нишонаи дигари тарбияи пешвой, мавҷудият ва инкишофи характери «харизм»-и роҳбарӣ мебошад. Илова бар он ки ҳар як шахс табиатан бояд дорои ин хислат бошад, боз дар тарбияи пешвои фаъолнок кардани онро зарур мешуморем. Ҳақиқати харизми роҳбарӣ он аст, ки ба ҳама ҳолатҳои инкишоф нигоҳи стратегии боз ҳам беҳтаршавӣ дошта, доимо дар ҷустуҷӯи беҳтару хубтар шудани ҳолатҳо мебошад. Доимо фикри аниқи худро пешниҳод карда, муҳитро маҷбур месозад, ки атрофи ин мавзӯъ андешаронӣ карда, онро қабул намоянд ва мувофиқ ба он кору фаъолият дошта бошанд. Ин гуна одамон ба зиндагӣ ва ҳодисаҳо нигоҳи муносиб дошта, ҳеҷ гоҳ аз нобарориҳо арзу шикоят накарда пайваста фикри аз ҳолати бӯҳронӣ баромаданро доранд.
Раванди дигари тарбияи пешвой, доимо нигоҳ доштани симои зоҳирӣ ва рафтори хеш буда, дар ҳама ҳолатҳо бо чеҳраи кушода дигаронро дилгарм карда, аз паи иҷрои мақсади гузошташуда мегарданд.
Ҳеҷ гоҳ бояд аз мушкилӣ наҳаросида, дар фикри ғалаба аз болои тарс бошад. Дар атрофи худ чунин муҳити хуберо созмон диҳад, ки одамон ҳамроҳи ӯ худро хеле хуб ва боваринок ҳис карда, аз ягон мушкилӣ натарсанд. Роҳбари пешво, бо рафтори намунавии хеш боварии қавиро соҳиб гашта ҳеҷ гоҳ ягон корманди худро дар танҳоӣ ба мушкилӣ намегузорад ва дар ҳама ҳолатҳо дастгиру мададгори онҳо мебошад. Новобаста аз сертараддудӣ дар кор, бояд вақт ҷудо карда, аз аҳволи ҳар як корманди худ бохабар бошаду аз ду фикру ақидаҳо ва дархостҳояшон пурсон шавад ва мушкилияти онҳоро вобаста аз имконот, ҳаллу фасл намояд.
Раванди дигари тарбияи пешвой, ин хислати меъморро доштани роҳбар
мебошад. Илова бар он, ки роҳбар ояндаро дигар ранг мехоҳад бубинад, бояд

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо