Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бевосита меъмори ақидаҳои стратегии худ бошад, лоиҳаҳоро тайёр намуда, ба муҳокимаи коллектив гузорад, онро қабул кунонад, ташкили амалигардонии онро ба ҷо оварда, назорати иҷрои онро таъмин созад.

Вақте пешво фикри ояндаи инкишоф ва ё мақсадҳои стратегии корхонаро мебинаду ба атрофиён пешниҳод менамояд, шояд қисми ками кормандон ба он бовар кунанд, чунки атрофиён онро дарк намекунанд ва ҳатто шояд халал низ расонанд. Пас, барои самаранок амалӣ гардонидани ин нақшаҳои стратегии хеш, пешво бояд лоиҳаҳои мақсаднок ва кори фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда, аз ҳама гуна воситаҳои ташвиқотию таблиғотӣ истифода барад, то нуқтаҳои нозуки мақсадҳоро ба тарафдорон ва пайравонашон фаҳмонда, иҷрои онро қатъиёна талаб намояд. Аксар маврид, хатои пешвоён дар он аст, ки ҳангоме бо мақсадгузории стратегӣ ба як зинаи инкишоф мерасанд ва ё соҳиби молу мартабаи муайян мегарданд, мақсадҳои асосиро фаромӯш карда, аз боварии коллектив дур мемонанд.

Талаботи дигари тарбияи пешвои роҳбарӣ, ташкил ва нигоҳдории маданияти корпоративӣ мебошад. Онҳо бояд байрақбардорони маданияти корхона бошанд. Илова бар ин, доимо аз худ пурсон шаванд, ки кадом омили мадании ширкат ва ё корхонаро мустаҳкам нигоҳ дошта истодааст ва боз барои устувории маънавии кормандон кадом равандҳоро беҳтар кардан лозим аст. Бояд арзишҳои идеологии инкишофи корхонаро коркард ва доимо дар ин кори идеологӣ мақоми марказӣ бозид. Мисол, соле то 20% моли корхона нав тавлид гашта, кормандонро қаноатманд мегардонад. Инчунин, «Мо ягон ақидаи навро аз даст доданӣ нестем»; «Мо барои нигоҳдорӣ ва беҳтаршавии саломатии одамон меҳнат менамоем» ва ғ. аз ҷумлаи ақидаҳое мебошанд, ки аксари кормандон бо хушнудӣ қабул карда, самаранок меҳнат намоянд.

Яке аз раванди тарбияи пешвоён, интихоби онҳо дар вазифаҳои муайяни роҳбарӣ ва сарварӣ мебошад. Самаранокии ин раванд аз он иборат аст, ки мо кадом роҳу усули интихобро истифода менамоем. Як қатор имконотҳое мавҷуд мебошанд, ки мо роҳбарро интихоб намоем. Дар навбати аввал, бо роҳи имтиҳони худи роҳбар, оид ба донишу қобилияти сарварӣ. Ё ин ки ҷамъоварии маълумотҳо оид ба хислат ва рафтори корманд дар оила, ҷомеа, корхона ва умуман зинаи ахлоқии он. Инро хулосаи иҷтимоӣ низ мегӯянд. Ва ниҳоят, роҳи

пешина
аз 463
навбатӣ