Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳокимият ва роҳбариро нигоҳ дошта, муттаҳидсозии одамонро ӯҳдабароёна намуда, ба сӯи мақсадҳои умумӣ равона карда тавонад.

Аз тарафи дигар, маълум мегардад, ки пешво дар алоҳидагӣ вуҷуд дошта наметавонад ва пайвастагии ҷараёну ҳолатҳо ва муҳити ҷамъиятиро талаб карда, аз роҳбари хештаншинос донишу ҳунари баланди пешвоиро тақозо менамояд. Бояд қайд кард, ки ҳатто тарзу усули фаъолияти пешво вобаста ба ҳолатҳо, метавонад тағйир ёбад. Маданияти корпоративӣ, ҳолати иқтисодию иҷтимоӣ, урфу одат ва расму русуми миллату халқҳо ва умуман, муҳити сиёсӣ, ҷаҳонбинию донишмандии чуқури пешво, аз фаъолияти ӯ дар ҳолатҳои гуногун маълумот медиҳанд. Дар натиҷаи фаъолият дар муҳити муайян, пешво низ инкишоф ёфта, бо дигар кардани тарзу усули роҳбарии худ, болоравии зинавии вазифадории худро нигоҳ медорад.

Нишони дигари тарбияи хештаншиносии пешво, таъмини самаранокии фаъолияти даста ва ё коллективи менеҷменти худ мебошад. Бо ин роҳ ба рафтор, ҷаҳонбинӣ ва сатҳи маънавии коллектив таъсир расонида, арзишҳои баланди мадании корхонаро метавон тавлид сохт ва мақсаду мароми стратегии корхонаро муайян карда, ба комёбиҳо ноил гашт. Ин раванди нави тарбияи пешво дар менеҷмент буда, мо диққати асосии ташаккули пешвоиро бо роҳи инкишофи маданӣ ба роҳ монда, чӣ гуна мавқеъ доштани пешворо дар ин самт баҳо дода метавонем.

Ҳамин тариқ, бартарияти пешвоиро дар замони менеҷменти муосир аз рӯи нишонаҳои ҳунармандии зерин муайян кардан мумкин аст:

  1. Кордонии фардӣ ва қобилияти фардии иҷрои кор ва навовариҳо.
  2. Қобилияти дарёфти навовариҳо, дидану шунидан ва амалигардонии онҳо.
  3. Ҳунармандии иҷтимоии пешво, дӯстдории кормандон ва таъмини адолати иҷтимоӣ.
  4. Қобилияти ояндабинӣ ва андешаронии стратегии роҳбарӣ дар ҳама ҳолатҳо.
  5. Қатъниродагӣ ва устуворӣ дар фикру ақидаронӣ, мустақилияти эҷодӣ, воқеияти қабул ва иҷрои қарори идорӣ.
  6. Қобилияти баланди эҷодкорӣ ва ҳамкории пайваста бо коллектив.
пешина
аз 463
навбатӣ