Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Роҳбарони хештаншинос шарти зарурӣ буда, нигоҳдорандаи мувозинати Илоҳию Заминӣ мебошад.

Донишманди бузурги Чин асосгузори мактаби ҷаҳонии хештаншиносӣ Конфутсий (асри VI то солшумории мо), яке аз аввалинҳо шуда, дарк намуданд, ки хештаншиносии шахсият, дар асоси эҷодкории экологӣ сурат мегирад ва рӯҳон (фариштаҳо) пуркувват ба замин фаромада, олами Заминиро мунаввар мегардонанд. Дарёфти ин рӯҳ ба шахси эҷодкори ба табиат додашуда, муяссар мегардаду халос. Аз ин нигоҳ, ӯ худ роҳи бузурги таъсиррасонии рӯҳиро ба ҷомеа пеш гирифта, таълимоти бузургеро дар замин боқӣ гузоштааст, ки тамоми оламиён чандин аср боз аз ин таълимот самаранок истифода бурда истодаанд. Эҷодкорӣ ин сармояи бузурги зеҳнии инсонӣ буда, ҳаракатдиҳандаи бузурги олами ҷисмонии инсон аст.

Конфутсий эҷодкориро дар ду зинаи бунёдӣ медиҳанд:

  1. Эҷодкорӣ - созандаи одами нав, дар вуҷуди ҷисмонии одамон, яъне тавлиди шахсиятҳои дарккунандаи оламу одам аз одамони оддӣ мебошад.

  2. Эҷодкорӣ — ҳамчун меъёри рафтори ҳаётии одамон ва роҳнамои фаъолияти касбии одамон дар зиндагӣ.

Ҳар ду раванд низ барои хештаншиносии роҳбарӣ шарти зарурӣ ба ҳисоб рафта, дар инкишофи босуботи шахсиятҳо ва рушди босуботи инкишофи менеҷмент моҳияти хеле баланд доранд.

Даврабандии инкишофи фардин худро Конфутсий, ки дар асоси таълимоти баланд ба даст овардааст, хеле хирадмандона баҳо дода, чунин менависанд:

  1. Дар даҳсолагӣ ман қобилияти фикрронии ақлоние пайдо карда, оиди ҳолати экогармоникии эҷодӣ андеша доштам.

  2. Дар сисолагӣ ин алоқамандиро пайдо кардам.

  3. Дар чилсолагӣ ба он пурра боварӣ ҳосил кардам.

  4. Дар панҷоҳсолагӣ ин қувваи бузурги қисмату тақдири пешакии илоҳиро барои ҳар як фард шинохтам.

  5. Дар шастсолагиам гӯшам овози Илоҳиро мешунид.

  6. Дар ҳафтодсолагӣ мувофиқи хоҳиши дилам рафтор мекардам, ки фақат дар роҳи ҳақиқати илоҳӣ буд.1

1 Э.Г. Ламина, Чжоу Хун, К.И. Шилин. Экологическое воспитание. - М., 2002, 354с.

пешина
аз 463
навбатӣ