Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

табиии ин унсурҳоро шарти зарурии хештаншиносии роҳбарӣ муаррифӣ намудаанд. Аз тарафи дигар, инсон ягона мӯъҷизоти пайвандгари ин унсурҳои системаи илоҳӣ буда, ҷавобгарии бевоситаро дар назди Худованд ва тамоми мӯъҷизоти олам ба дӯш дорад. Пас, одам бояд чунин рафторе намояд, ки ин мувозинатро бидуни вайронкорӣ нигоҳ дошта беҳтар созад ва роҳро равшан намуда, барои инсоният шароити хуби зиндагониро фароҳам орад. Роҳбари хештаншинос имкони ба ин олам воридшавиро фақат дар асоси расидани худ ба ин зинаи баланди малакутӣ соҳиб гашта метавонаду халос. Аз тарафи дигар, хиради бузурги инсонӣ низ дар сирру асрори табиат пинҳон аст ва фақат хештаншинос калиди ба ин хазинаи бузург расиданро пайдо карда метавонад.
Агар мо аз қонуни муоширати дохилии табиӣ бохабар гардем, забони ӯро фаҳмида, таппиши дили табииро дарк карда, бо ӯ ҳамроз шуданамон мумкин аст. Ҳамрадифи табиат будан ва дар мувофиқа ба табиат кору фаъолият намудан волотарин қонуниятҳои рушди босуботи инсонист.

Пас, менеҷменти корхонаро зарур аст, ки нишонагириро фақат ва фақат ба тарафи ин қонуниятҳои бузурги табиӣ равона сохта, дар ҳар як қадами хеш ҳамрадифи табиат бошад ва мувозинати экологиро нигоҳ дошта, устуворона ба пеш қадам гузорад. Чунин равандро соҳиб гашта, менеҷмент худро аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуби заминӣ эмин дошта, богайратона ба оянда назари нек менамояд, чунки қоидаҳои коинотӣ тағйирнаёбанда буда, мувозинати бузурги доимиро нигоҳ медоранд.

Мутаассифона, дар зиндагонӣ ва кору фаъолият, на ҳама инсонҳо ба ин зинаи хештаншиносӣ мерасанд ва аз асрори табиат бохабар гашта, кӯшиш менамоянд, ки барои инкишофи ҷомеа халал низ расонанд. Барои ба низом даровардани рафтори ин гурӯҳи одамон, зарурати хештаншиносии роҳбарӣ пайдо гашта, чунин хислат ягона қувваи банизомдароваранда ва ташвиқоти экологӣ дар Заминанд.

Мавҷудияти роҳбари хештаншинос дар менеҷмент ва онлайни ҷомеа,
сарчашмаи дониши қоидаҳои зиндагонӣ буда, ба онҳо рӯҳу қуввати тоза ва умед
ба оянда мебахшад. То вақте, ки панҷ унсури худшиносии мувозинат дар
ниҳоди роҳбар нигоҳ дошта мешавад, ӯ метавонад, дар менеҷмент низ ин
мувозинатро нигоҳ дорад. Пас, тарбияи хиради экологӣ ва мавҷудияти

пешина
аз 463
навбатӣ