Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бояд қайд кард, ки роҳи пешгирифтан Конфутсий новобаста ба мушкилию мураккабӣ, барои ҳар як роҳбар метавонад идеали воқеӣ бошад. Мувофиқи ақидаи ин устоди бузург дарки пешакии ҳодисаҳои заминиро ҳамон шахсияте соҳиб гашта метавонад, ки имконоти худро то ба зинаи инкишофи сӯҳбат ба Худованд расонида бошад. Ва ӯ доимо таъкид бар он дорад, ки «Ман сованда нестам, фақат ба Шумо расонандаи ҳақиқат буда, ба он қувваи бузурги илоҳӣ бовар мекунам ва дӯст медорам ӯро».

Аз ин нукта маълум мегардад, ки вазифаи бузурги роҳбари хештаншинос додани ин қувваи бузурги ақлонӣ ба менеҷмент ва ҷомеа буда, имкони зинда мондани ӯро даҳҳо аср нигоҳ медорад. Тамоми таълимоти Конфутсий низ ба инкишофи ояндаи башарӣ нигаронида шудааст, ки мо бахше аз ин таълимотро дар китоби 3-юми худ овардаем. Нуктаи муҳим он аст, ки вақте мо аз номи хирадманде сухан мегӯем ва ё асари донишмандро дар тарбияи корманд истифода мебарем, таъсири он даҳҳо маротиба зиёдтар аз он аст, ки дониш фаннӣ ва ё касбиро аз рӯи меъёрҳо ва қонуниятҳо таълим медиҳем. Ин таълимотро ҳамчун «Таълимоти зинда» низ метавон арзёбӣ намуда, чун воситаи муҳими аз насл ба насл додани дониш истифода бубарем. Самаранокии чунин дониш даҳҳо маротиба баландтар аст, нисбати таълимоти фаннӣ.

Нуктаи дигари тарбияи экологии хештаншиносӣ дар он аст, ки инкишофи бемайлони иқтисодӣ, дар ҷаҳон, имрӯз хатари бузурги экологиро ба миён овардааст, ки бе ҳаллу фасли он дар зинаҳои гуногуни идоравӣ мо наметавонем ба ҳадафҳои волои худ бирасем, чунки масоили тарбияи экологӣ имрӯз мушкилоти умумибашарӣ гаштааст. Ҳар як халқу миллат, дар ҳал ва кам кардани хатарнокии он, бояд саҳмгузор бошад, чунки ин масоили умуминсонӣ буда, табиатдӯстдорӣ, одамдӯстдорӣ, ҳар ду паҳлӯи як мафҳуми «ҳаёт»-ианд ва яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад. Ин ду хислати роҳбарӣ дараҷаи хештаншиносии ӯро таъмин карда, пуррагии маданияти роҳбариашро муайян месозад. Пас, тарбияи экологӣ раванди инкишофи хештаншиносии роҳбарӣ буда, устувории менеҷментро нигоҳ медорад.

Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки тарбияи экологӣ, тарбияи рафтори
ҳаётии инсоният аст ва решаҳои худро баробари ба дунё омадани одамон пайдо
карда, дар тамоми давраҳои ҳаётӣ инкишоф меёбад ва решаҳо бояд ҳар чӣ

пешина
аз 463
навбатӣ