Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
ҳолати табиӣ тамоми рафторро аз муҳит меомӯзад. Ҳатто, мувофиқи ақидаи рӯҳшиносон «не» гуфтанро намедонад, дар ҳама кору сухан фақат «ҳа» мегӯяд. Пас, маълум мегардад, ки падару модар чӣ гуна вазифаи масъулиятноку мураккаберо, ки меҳнати баланди хештаншиносиро талаб менамояд, ба ӯҳда доранд.
Аз ҳама муҳим он аст, ки падару модар дар ташаккули қобилияти зеҳнии фарзанд, шахсияти он дар оянда рафтору маданиятнокии он замина мегузоранд. Аз ин хотир, мо зарур шуморидем, ки ин мавзӯъҳоро ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими хештаншиносии роҳбарӣ қабул намуда, ба Шумо хонандаи азиз, ки Худо хоҳад падару модар мешавед ва ё ҳастед, пешниҳодҳои худро иброз дорем.
Раванди дигари стратегии тарбияи фарзанд ин аст, ки ӯ аз хурдӣ ба мутолиаи чӣ гуна китобҳо шурӯъ менамояд, баъдан чӣ тавр инкишоф меёбад ва боз ба кадом намуди бозичаҳо шавқу рағбати зиёд дорад. Китобу васоити таълимӣ, бозичаҳо, ки ӯ истифода мебарад, бояд ба инкишофи ақлонии кӯдак равона карда шуда, таъсири мусбӣ расонад. Ҳаваси кӯдакро баланд ва умедашро ба оянда бояд мустаҳкам гардонад, на баръакс, ӯро битарсонанд; дар дилаш тарсу ҳарос ҷой шуда, сустирода гардад.
Раванди дигари тарбияи кӯдак аз интихоби дурусти дӯсту рафиқи кӯдакӣ вобаста мебошад. Рафиқ бояд рафиқро бо роҳи рост ҳидоят намуда, аз роҳи бад гардонад. Бинобар ин, бузургони миллати тоҷик чунин мефармоянд, ки агар бо одамон дӯстӣ кардан хоҳӣ, ба беҳтарини онҳо дӯстӣ намо, вагарна рафиқи бад туро нобуд месозад. Ё ин ки мегӯянд, ки бигӯй ки рафиқи ту кист, ман мегӯям, ки ту кистӣ. Бинобар ин, падару модар ва роҳбари хештаншинос дар тарбия маҳз ҳамон китобу дастур ва роҳҳоеро интихоб менамоянд, ки тарбияи рӯҳию касбии ояндаи кӯдакро таъмин месозад. Ба ақидаи аксари рӯҳшиносон дар тарбияи фарзанд метавон қоидаҳои манъкунандаи рафтори бадро истифода кард, то ки ин ҷараён оҳиста — оҳиста характери доимӣ гирифта, кӯдакро аз роҳи рост берун насозад.
Масоили муҳими тарбияи фарзанд дар оила он аст, ки мо бояд нисбати ҳамаи фарзандон муносибати якхела дошта бошем ва дар дили фарзанд аз хурдӣ ҳақиқату адолатро ҷой дода, онро бо рафтори намунавии худ ба фарзандон

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо