Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Бинобар ин, дар дили ҳар як падару модари хештаншинос ва сарвар барои он хароҷотҳое ки дар роҳи тарбияи дурусти фарзанд ва умуман, инкишофи башарӣ сарф мегарданд, бояд ҳисси баланди рӯҳию маънавӣ ва ояндаи пурумед ҷой дошта бошад.
Нуктаи дигарро мо дар роҳи тарбия таъкид карданӣ ҳастем, ки падару
модар ва роҳбарони хештаншинос на бояд дар тарбияи фарзанд фарқи духтару
писарро гузоранд ва ноадолатӣ зоҳир намоянд. Баръакс, дар тарбияи духтар, ки
онҳо табиатан заифтаранд, мо бояд диққати бештар дода, тарбияи онҳоро
эҳтиёткорона ва хирадмандона ба роҳ монем, то онҳо дар навбати худ дар оянда
барои тарбияи фарзандон боз меҳру муҳаббати зиёду саломатии хубе дошта
бошанд. Ҳатто, дар ҳадиси пайғамбари ислом, Муҳаммад (с) омадааст, «Касе
ки се духтар дорад ва онҳоро дуруст тарбия карда, мехӯронад, мепӯшонад, дар
рӯзи қиёмат ӯро аз азоби дӯзах нигоҳ медоранд».1
Дар ҳақиқат, боз дар мамолики дунё қонуниятҳои зиёде мавҷуданд, ки барои муҳофизати кӯдакон, тарбияи онҳо дар оила ва вазифаю ӯҳдадориҳои падару модар, арзишҳо ва меъёрҳои зиёдеро муайян сохтаанд ва мо боварӣ дорем, ки ҳар як фарди хештаншинос аз он қонуниятҳо бархӯрдор мегардад ва дастури кору фаъолияти хеш қарор медиҳад.
Албатта, ҳар як падару модар вазифадор аст, пайваста назорат намояд, ки
бо фарзандони ӯ чӣ ҳолатҳо рӯй дода истодааст ва вобаста аз он кори тарбиявӣ
гузаронад. Бояд бидонад, ки истеъдоди фарзанд дар мавриди хондану
навиштан, фаҳмиши аз худ кардани мавзӯъҳо чӣ гуна аст ва кадом қобилияти
иловагӣ ва ё пасттарро дорад, то ба он кӯмак расонад. Инчунин, падару модар
ӯҳдадор мебошад, ки оид ба рафиқони фарзандаш ва муҳите, ки фарзанд бо онҳо
дар кӯчаю боғчаю мактаб бозӣ мекунад ва вақти худро мегузаронад, андеша
намояд. Тозагии муҳити зисти фарзанд, солимии одамони атроф, обу ҳаво, хоку
растанию ҳайвонот ва ғ., ба тарбияи кӯдак бетаъсир намемонад. Донистани
талаботҳои хӯрока ва нӯшокӣ, фоиданокии онҳо дар афзоиши зеҳнию ҷисмонии
кӯдак зарари машруботи спиртӣ, сигор ва дигар маводи нашъаовар, инчунин, аз
корҳои ғайриқонунӣ худдорӣ кардани фарзанд барои падару модар аз равандҳои
асосии тарбиявии фарзанд мебошанд, чунки кӯдак вақте ба дунё меояд, дар
1 Личность мусульманина. - М., 2003.c. 112.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо