Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
нишон диҳем. Беадолатии волидайн дар рафтори хеш, муносибат, хароҷот, дастгирӣ ва ғайра нисбат ба фарзандон зоҳир менамоянд, дар рафтору дили фарзандон нисбати якдигар бадбинӣ пайдо гашта, дар навбати худ онҳо шояд дар оянда ин рафторро барои ҷамъият раво бубинанд. Аз ин хотир, доимо дӯстдории фарзандро нисбати бародарон, муҳити атроф ва ҷомеа бояд дар дили ӯ ҷой кард.
Масоили муҳими тарбия дар оила додани маънавиёти баланд ба фарзанд мебошад. Падару модар агар аз чунин арзишҳои баланди инсонӣ худ огоҳ буда, ба фарзанд диҳанд, метавонанд фарзандонро ба сифати хушбахттарин инсонҳо тарбия намоянд. Тарбияи маънавӣ имкон медиҳад, ки фарзанд аз хурдӣ арзишҳои баланди маънавии инсониро соҳиб гашта, онро ба одати ҳамешагии худ табдил дода, дастгиру мададгори дигарон бошад ва онҳоро ҳурмату эҳтиром намояд. Дар натиҷа, қадршиносии маънавии ӯ дар ҳама рафторҳо боло гирифта, худ инкишофи маданиро соҳиб мегардад. Бузургони миллати тоҷик мефармоянд, ки накӯӣ аз ҳамон диле мебарояд, ки накӯиро доро бошад. Пас, падару модари бомаданият бевосита бо роҳи намунавии рафтори хеш фарзандро аз ин сарчашмаи ақлонӣ ғанӣ гардонида, ӯро донишманду хирадманд тарбия менамоянд. Кӯдаке, ки дар муҳити маънавии баланду дӯстдорию меҳрубонӣ ва ҳалимию адолатпарастӣ тарбия меёбад, дили ӯ саршори меҳру муҳаббат, рафтори ҳалим, боваринок, ростқавлу рострафтор, некбину некзамир ташаккул ёфта, қавнирода ва шуҷоатманд хоҳад шуд, ки ин ба талаботҳои роҳбари хештаншинос ҷавобгӯй мебошанд.
Зинаи дуввуми тарбияи кӯдак дар макотиби ҷамоавӣ ва олӣ сурат мегирад. Ин зинаи тарбия нисбат ба зинаи аввала хеле мушкил буда, талаботҳои муҳими рафториро аз падару модар ва устодону мураббиён талаб менамояд.
Оид ба усулу роҳҳои педагогии тарбия чандин олимони тоҷику дигар миллатҳои дунё асарҳои зиёде навиштаанд, ки мо оид ба бахше аз гуфтаҳо ва роҳҳои барои хештаншиносии роҳбари оянда зарур ба Шумо гуфта мегузарем. Ҳар як зинаи инкишофи ин давра, аллакай, давраи ташаккули кӯдак дар роҳи хештаншиносии роҳбарӣ буда, системаи меъёрҳо ва арзишҳоеро талаб менамояд, ки то ба корхона рафтани мутахассис зарур мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо