Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
На аз он ҳукамо ҳеҷ намондааст. Ва Файлақус ба айёми Доро зинда буд. Ва Доро кас фиристод ба сӯи Файлақус ва ӯ малики юнониён буд. Гуфт: «Хироҷ бифирист ё бо ту ҳарб кунам». Ва хироҷ ҳамефиристод ҳар сол. Пас, Файлақус бимурд. Ва ӯро писаре буд, номи вай Искандар ва ба мулкат бинишаст. Ва Доро нив писаре буд, номи вай Доро — ӯ — асгар. Ва ин Доро он буд, ки Искандар ба вай ҳарб кард ва ӯро бикушт.
Хабари подшоҳии Доро Ибни Доро.
Пас Доро ибни Доро ба мулк бинишаст ва ҳама ҷаҳон ободон шуд ва ба вай рост биистод. Ва маликон хироҷ ба сӯи вай фиристоданд, ҳамчунон, ки сӯи падараш. Ва Искандар бузург шуд, писари Файлақус. Чун Доро сӯи вай кас фиристод, ки хироҷ бифирист, вай сипоҳе ба худ гирд кард. Ва миёни Юнону Зангистон наздик буд. Бирафт ва мулуки Зангистонро бикушт ва боз омаду хироҷ нафиристод мар Дороро. Ва ин Доро марде буд ситамкора ва халқ ӯро душман гирифта буданд. Ва Искандар, ки хироҷ аз Доро боз гирифт ва Доро ду сол сабр кард. Пас Расул бифиристод ба Искандар, ки хироҷ бифирист, ки ту аз падарат бузургтар нести. Ва ман аз падарат хироҷ биситидам. Ва хироҷи Файлақус, ки ба Доро фиристод ҳар соле аз замини Юнон яке заррин будӣ, — чанд ҳояи уштурмург, андар ҷумлаи ҳадяҳо, ки ба хироҷ будӣ. Чун расули Доро ба Искандар омад, гуфт «Хироҷ бидеҳ». Искандар расулро гуфт: «Бишнав ва Дороро бигӯ, ки он мург, ки ҳояи заррин кардӣ, бимурд ва ту ҳаргиз аз ман он наёбӣ. Пас ҳар чи хоҳӣ кардан, бикун. «Доро чун расул биёмад ҳарбро биёрост. Ва расули дигар ба вай фиристод, ӯро чавгоне фиристод ва гӯй як қафиз кунҷид. Ва расулро гуфт; «Ӯро бигӯй, ту кӯдакӣ, инак чавгон гӯ туро фиристодам, шабвозӣ кун ва аз мулк даст бидор, ки ту на аз дари маликӣ. Пас, агар хироҷ нафиристӣ, ҳарбро биёрой, ки ман сипоҳӣ дорам, ки ту адади онро надонӣ. Чун расул ба Искандар расид ва номаро ҷавоб кард ва гуфт: «Аммо ин гӯй, ки бифиристод, фол ин аст, ки замини зама ба ман супурдӣ ва ту аз мулк берун омадӣ, ки замин гирд аст ҳамчу гӯй. Ва ин чавгон чизест, ки ҳарчи ба вай бикашӣ, биёяд. Ки мулки ту ва он замин ба ин бикашам». Ва як қафиз сипандон фиристод ба вай гуфт: «Агар адади ту чанд кунҷид аст, адади сипоҳи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо