Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Истеҳсоли мол бештар хислати истеъмолӣ гирифта, аз сохтори лентавии истеҳсол, ба истеъмокунандаи фардӣ ва босифатро ба худ гирифтааст. Ин талаботро низ концепсияи рушди босуботи башарӣ ба ҳайси талаботҳои асосӣ маррифӣ намудааст.
- Мақсади дигари концепсияи рушди иқтисодии менеҷменти аксари ширкатҳои азими байналхалқӣ ва корхонаҳои калон ташкили маданияти баланди фаъолият, риояи арзишҳои баланди этникӣ, ахлоқӣ ва этикии рафторӣ буда, кӯшиши бо ҳам наздиккунонии халқу миллатҳои гуногуни дунёро доранд, ки концепсияи рушди башарӣ низ ҳамин қоидаро мепарастад.
Ҳамин тариқ, мо ба хулосае омадем, ки дар ҳама ҳолатҳо мақсади ниҳоии менеҷмент ва роҳбари хештаншинос таъмини бехатарии инсон, бо роҳи инкишофи маънавӣ буда, бехатарии экологӣ бояд қисми таркибии фаъолияти менеҷмент бошад. Аз тарафи дигар, нишонагирӣ ба захираҳои беандозаи зеҳнии инсонӣ, аз худи роҳбар то корманди хурд, асоси рушди босуботи менеҷмент дар ҳазорсолаи сеюм мебошад.
56.6. Гуфтор андар зиндагиномаи мардони хештаншинос
Подшоҳии Доро1
Пас Доро ба Порс барнишаст ва он ҷо шаҳре бино кард онро Дороб ном кард. Ва он шаҳр имрӯз ободон аст. Ва фасои Порс ҳам вай бино кардааст. Пас, Доро бирафт ва ба замини Ироку Бобул шуд ва нишасти хеш он ҷо кард. Ва мулки Аҷам бар вай рост шуд, то дар Балх маликон ҳама хироҷ ба вай фиристоданд ва мулки Турку Рум ва Ҳинд. Ва эшонро юнониён хонданд. Ва чун Файлақус мулки юнониён бигирифт, ӯ низ ба МаъмулиЯ нишаст. Ва ба замини эшон ҳама ҳакимон, чун Аристотолис ва Сукрот ва Букрот ва Хермус. Ва китоби эшон ба фалсафа ва тиб маъруф аст. Валекин он шаҳрҳо вайрон аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо