Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

диди рушди босубот, дар назди менеҷменти ширкатҳои байналхалқӣ шӯъбаҳои махсус ташкил карда шудаанд, ки ин масоилро дар зинаҳои гуногуни идорӣ ҳаллу фасл намуда, концепсияҳои инкишофи босуботро пешниҳод намудаанд ва аллакай натиҷаҳои дилхоҳ дода истодаанд.

Хуб мешуд, ки дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президент ва ё Ҳукумати Тоҷикистон чунин Шӯрои босалоҳияти «Рушди босубот» ва дар назди менеҷменти корхонаҳои азим шӯъбаҳои махсус ташкил карда мешуд, ки онҳо ба коркарди моделҳои концептуалии махсуси инкишофи босуботи хеш бо назардошти рушди босуботи башарӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистонро дар қатори давлатҳои пешқадами дунё муаррифӣ менамуданд.

Аз нигоҳи мо, қоидаҳои асосии концепсияи рушди босуботи иқтисодӣ дар менеҷмент бояд унсурҳои зерини рушди босуботи башариро дар бар гиранд:

  1. Мақсади асосии ҳарду концепсия таъмини талаботи инсоният буда, барои фароҳам овардани шароити хуби зиндагии одамон равона карда мешавад.

  2. Қоидаҳои асосии ташаккули ҳарду концепсия таъмини рушди босубот буда, меъёрҳо ва арзишҳои қариб якранг ва умумиро тарафдорӣ менамоянд.

  3. Талаботи ҳарду концепсия бо назардошти талаботҳои насли оянда сурат гирифта, ояндабинии дурро доро мебошад. Дар ҳақиқат, ояндабинии аз ҷиҳати илмӣ асоснок ва лоиҳабандишуда бояд ҳарду масоилро дар пайвастагии қавӣ қарор дода, чорабиниҳои мушаххасро пешниҳод намояд.

  4. Дар ҳарду концепсия бояд талаботи таъмини инкишофи маънавии инсон ва раванди инноватсионӣ мақоми арзанда дошта, мақоми аввалро кам кардани хароҷотҳо ва баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнатӣ гирифта, ҳарчӣ бештар фаъолият доштани корманди баландихтисосро талаб намояд.

  5. Консепсияи инкишофи иқтисодии менеҷменти замони навин пайдо намудани имконотҳои нави зеҳнӣ ва хоҳиши донишҳои навину эҷодкориҳои инсонӣ буда, дар он самаранокии истифодабарии захираҳои табиӣ ҳатман таъмин хоҳанд гашт.

  6. Даромади менеҷмент ва концепсияи рушди иқтисодӣ мақсади асосии боигарӣ набуда, ин беҳтар кардани шароити зиндагонии одамон мебошад.

пешина
аз 463
навбатӣ