Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

ман чандон сипандон аст. Ва сипандон тез бувад ва кунчид чарбу ширин бувад. Ва сипандон талх бувад ва бемазза, ту ба ман чизе фиристодӣ, ки андар ҷаҳон он чарбтар ва ман ба ту он фиристодам, ки андар замин он талхтару тезтар». Пас, Расул бозомад. Ва Доро сипоҳ арз кард, шашсад ҳазор мард ва аз он ҷо бирафт сӯи Искандар. Ва Искандар сипоҳи Юнон арз кард, ҳаштсад ҳазор мард ва оҳанги Доро кард. Ва аз мулки Искандар се сол гузашта буд ва аз мулки Доро чаҳордаҳ сол гузашта. Ҳама сипоҳ ба вай озурда буданд аз бедодиҳо, ки карда буд, аз кибру ҷабборӣ, ки дошт. Ва ҳарду лашкар баробар гирд омаданд ва ба Ироқ андар замин. Ҷазира он хонанд, куҷо Мавсил аст ва шаҳрҳои ҳудуди Мавсилу Ироқ ва миёни Шом. Ва аз сипоҳи Доро бисёр халқ ба зинҳор омаданд. Пас Искандар пурсид, ки аз сипоҳ ба ӯ кӣ наздиктар? Гуфтанд: «Ӯро ду ҳоҷиб аст бад-ӯ наздиктар ва ҳар дуро дил бар вай бад аст». Искандар аз ниҳон бад-он ҳоҷибон кас фиристод ва эшонро хостан бисёр бипазируфт, ки бо Доро хилъат кунед, то бикушед. Эшон иҷобат карданд ва бад-он биниҳоданд, ки рӯи ҳарб, ки бар пушти асп бувад ӯро бикушем. Пас, Искандар ваъда кард ҳарбро. Чун он рӯз бибуд, сипоҳҳо ҳарду баробар шуданд ва ҳарб карданд. Ҳарду сӯ бисёр халқ кушта шуд. Ва он рӯз марде аз лашкари Доро хештан ба лашкари Искандар афканд ва зарбате бизад. Искандар аз битарсид сахт. Ва ҳарб сипарӣ шуд ва шаб омад ва ҳарду лашкар ба ҷои хеш бозшуданд. Ва ҳоҷибон роҳ наёфтанд, ки Дороро бизаандӣ. Искандар пиндошт, ки эшон пушаймон шуданд, бар он биниҳод, ки дигар рӯз сулҳ кунад ва бозгардад. Ва Доро низ аз лашкари Искандар битарсид ва нияти сулҳ кард. Ва чун дигар рӯз бибуд, Доро сипоҳро гирд кард, гуфто: «Сулҳ кунем ё ҳарб кунем?» Ҳоҷибон гуфтанд: «Ҳарб», аз баҳри он ки то ӯро ба ҳарб андар бикушанд. Ва ҳар киро аз сипоҳ, ки дил ба ӯ бад буд, гуфтанд, ки «Ҳарб кун». Пас Доро бинишаст. Ва Искандар огоҳӣ надошт, сипоҳ дид ба ҳарб омада, битарсид ва хост, ки ҳазимат шавад. Чун сипоҳи Доро ҳамла карданд, он ду восиб аз паси Доро даромаданд ва ӯро таънае бизаданд бар паҳлӯ ба найза ва аз дигар сӯ берун бурданд. Ва Доро аз асп биафтод. Ва эшон ҳарду биҷастанд ва Искандарро бигуфтанд, ки мо Дороро аз асп бияфкандем. Искандар бо ҳоҷибони хеш биёмад ба наздики Доро ва ӯро дид ба замин ба хок андар ҳамегашт ва хун аз вай мерехт. Ва ҳар гаҳ наздик омада буд, аз асп фурӯд

пешина
аз 463
навбатӣ