Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
некуаҳволии мардум боло равад ва сатҳи нобаробарии ҷомеа ба танзим дароварда шавад.
- Болоравии сатҳи некуаҳволии мардум болоравии маданию иҷтимоиро таъмин намуда, шахсиятҳои шинохта ва дорои арзишҳои нави маънавиро ба майдон меорад ва имконоти нави инкишофи башариро муҳайё сохта, ҷараёни рушди босуботро метезонад.
Ҳамин тариқ, баландбардории фаъолнокии меҳнатии кормандон ва баландшавии сатҳи иқтисодии менеҷмент, имкон медиҳад, ки шароити кори кормандон барои роҳбари хештаншинос муҳити созандаи иқтисодию маъзнавӣ гардида, роҳбарон тамоми ҳаёташонро ба ин муҳит пайваст намоянд.
Бинобар ин, фаъолияти меҳнатӣ, шуғли роҳбарон ҳамчун ҳалқаи пайвасткунандаи меҳнат ва инкишофи фардӣ баромад карда, ҷараёни асосии инкишофро таъмин месозад. Аз ин хотир, вазифаи муқаддас ва масъулиятноки менеҷмент дар назди ҷомеа таъмини босуботи башарӣ буда, он аз вазифаи иқтисодиашон болотар меистад, чунки бе фаъолияти меҳнатӣ амалгардонии инкишофи башарӣ ғайриимкон мебошад. Пас, менеҷментро зарур аст, ки оид ба ин масоил пайваста андешад ва онро самаранок ташкил намуда, манфиати калон ба даст орад.
Бояд қайд кард, ки ҳанӯз аввали солҳои 60-уми асри гузашта Ташкилоти байналхалқии меҳнат (ТБМ) як қатор қоидаҳо ва меъёрҳои шуғли аҳолиро барои давлатҳо пешниҳод намуда, роҳҳои ҳавасмандкунии шуғлро дар сатҳи барномаҳои давлатию менеҷменти корхонаҳо таъкид намуда буд.
Мувофиқи конвенсияи ТБМ №122, с. 1964 таъмини пурраи шуғли аҳолӣ қисми таркибии барномаи иқтисодии ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, интихоби озоди фаъолият барои шахсони қобилияти меҳнат дошта бояд ҳукмфармо бошад.
Шуғли маҳсулнок дар менеҷмент, аз як тараф, самаранокии фаъолияти меҳнатӣ ва мақсаднокии меҳнат бошад, аз тарафи дигар, ин шуғлинокӣ мувофиқи ихтисос мебошад, то корманд тавонад қобилияти зеҳнии худро пурра амалӣ гардонад.
Ҳамин тариқ, шуғл ва инкишофи иқтисодӣ бо назардошти рушди босубот
дар менеҷмент вазифаи таъмини инкишофи стратегӣ буда, барномаи он ташкили
самараноки ҷои корӣ ва баландбардории ҳавасмандии фаъолнокии кормандон

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо