Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
мебошад. Ин нукта низ омили муҳими инкишофи хештаншиносии роҳбар ба ҳисоб рафта, алоқаманд карда тавонистани инкишофи иқтисодӣ ва башарӣ ба донишу малакаи роҳбар, ҷаҳонбинию дурандешӣ ва умуман, аз сатҳи хештаншиносии роҳбарон пурра вобастагӣ дорад.
Ин ҷараён як қатор мураккабӣ ва мушкилиҳои объективию субъективӣ зеринро доро мебошад:
-
Инкишофи иқтисодӣ метавонад аз ҳисоби фаъолнокгардонии қобилияти зеҳнии кормандони мавҷудаи менеҷмент ба даст оварда шавад. Дуюм, ин раванд аз ҳисоби ба кор ҷалб намудани кормандони наву ҷавон ва қобилияти баланди эҷодӣ дошта низ сурат мегирад, ки дар асл зиддияти дохиларо ба вуҷуд меоранд. Дар ин ҷо фақат роҳбари дурандеш метавонад паҳлӯҳои гуногуни ин масоилро омӯхта, роҳи дурусту самаранокро қабул намояд.
-
Масоили дигар он аст, ки зиёд кардани шуғл бе баландбардории самарнокӣ ва фаъолнокии меҳнат дар менеҷмент ба мақсад мувофиқ набуда, имкони инкишофи босуботи башариро таъмин карда наметавонад. Бинобар ин, таҷрибаи менеҷменти ширкатҳои азими байналхалқӣ ва сохторҳои роҳбарикунандаи давлатӣ нишон медиҳад, ки дар давраҳои муайян стратегияи камкунии воҳидҳои кориро пеш гирифта, маҷбур мешаванд, ки шумораи кормандон ва ё роҳбаронро кам кунанд.
-
Нишондиҳандаи дигар масоили нисбатан суръати сусти афзоиши ҷои корӣ ва суръати баланди афзоиши аҳолии қобилияти меҳнатӣ дошта мебошад. Ҳар сол донишгоҳҳо ва донишкадаҳо ҳазорҳо мутахассисонро тайёр менамоянд, ки ин нисбати афзоиши ҷои корӣ дар корхонаҳои Тоҷикистон суръати хеле баланд буда, ба ҳолати буҳронӣ ё зиёдшавии шумораи бекорон ва мушкилию имкони воридшавии ҷавонон ба муҳити корӣ дар мамлакат оварда расонида аст. Ин масоил низ дар ҳама зинаҳои роҳбарӣ дурандешию хештаншиносии роҳбариро талаб менамоянд.
-
Масоили муҳими дигари менеҷмент афзоиши аҳолии шаҳрҳо аз ҳисоби сокинони қишлоқҳо буда, дар натиҷа дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, ки хусусияти хоси инкишофи худро дорад, нарасидани мутахассисон ва

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо