Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

менеҷменти корхонаҳо пайдо карда наметавонад. Сарчашмаҳои баландбардории сатҳи некуаҳволии кормандон ин музди меҳнат, мукофотпулиҳо, доштани қитъаи замин, қоғазҳои қимматнок, имкони истифодаи фондҳои ҷамъиятии истеъмолӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти маданӣ - иҷтимоӣ, иқтисодию ҷамъиятӣ, оилавӣ ва сохтори оила ва имкони истифодаи хизматрасонии маориф ва тандурустӣ мебошад. Оиди қоида ва ташаккули ин фондҳо дар боби гузашта ва қисмҳои 1- 2-юми китобамон пурра гуфта гузаштаем. Дар миқёси мамлакатҳо бошад, ин нишондиҳанда аслан аз рӯи истеҳсоли ММҶ ба ҳар як сари аҳолӣ баҳо дода мешавад, ки барои таъмини адолати иҷтимоии байналхалқӣ байни давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ва сустинкишофёфта истифода карда мешаванд. Дар менеҷмент бошад, ин нишондиҳандаи ҳосилнокии меҳнат ва таъминнокии кормандон ба фонд буда, аз дараҷаи иштироки онҳо дар тақсимоти захираҳо шаҳодат медиҳад.

56.3. Рушди иқтисодӣ, шуғл ва инкишофи башарӣ дар менеҷмент

Хонандаи азиз, аз мавзӯъҳои пешин пай бурдед, ки инкишофи иқтисодӣ имконоти баланди амалигардонии қобилияти одамонро ба майдон оварда, интихоби фаъолиятро васеъ мегардонад. Дар ин нуқта низ таъкид менамоем, ки ҳамаи ин аз дарку фаҳмиш ва зинаи инкишофи роҳбарон дар менеҷмент ва дигар зинаҳои роҳбарии давлатию ғайридавлатӣ вобастагии қавӣ дорад, яъне то чӣ андоза роҳбарони мо аз талаботҳо ва қонуниятҳои хештаншиносӣ бохабар буда, онҳоро дар фаъолияти роҳбариашон амалӣ мегардонанд. Таъмини адолати роҳбарӣ ва имконот барои тамоми гурӯҳҳо ва табақаҳои ҷамъият пеш аз ҳама, мақоми созандагӣ ва иҷтимоии иқтисодиётрó баланд мегардонад. Риоя ва риояиқдорини адолати баробари ҳуқуқи марду зан, аҳолии қишлоқ ва шаҳр, гурӯҳҳои этникӣ ва майдамиллатҳо ва ғ. аз равандҳои ин талабот мебошанд.

Имконот нишонаи асосии мавқеъгирии ҳар як фард дар ҷомеа буда, вобаста аз хусусиятҳои худ чунин фарқ мекунанд: имконоти иқтисодию иҷтимоӣ,

пешина
аз 463
навбатӣ