Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

дигар нишондиҳандаҳои бавоситаро бояд менеҷмент муқоиса намуда, самаранокии чорабиниҳоро муайян созад.

Маълумотнокӣ гуфта, дар менеҷмент қобилияти доштан ва аз худ намудани донишҳои умумӣ ва касбиро меноманд, ки ҳар як корманд дар ҷараёни корӣ ва муносибат бо одамон метавонад истифода барад. Аз тарафи дигар, ин имконоте мебошад, ки ҳар як корманд метавонад дар инкишофи иқтисодию иҷтимоӣ ҳисса ва ё саҳми худро гузорад. Дар шароити имрӯзаи инкишофи илму техника саҳми дониш дар фаъолияти ҳар як шахс мақоми аввалиндараҷа дошта, тамоми фаъолиятҳои дигари инсонӣ пурра аз сатҳи саводнокии ӯ вобаста мебошад.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар корхонаҳои азими саноатӣ ва умуман, корхонаҳои мамолики пешқадами дунё дигар фаъолияте дида намешавад, ки бе истифода аз техника ва технология иҷро карда шавад, яъне иҷрои ҳама гуна корҳо 100% дониши касбиро талаб менамоянд. Ҳатто, ахбори ҳаррӯзаи ҳаётии мо низ, аввал тариқи воситаҳои техникӣ ва электронӣ сурат гирифта, талабгори дониши муайян аст. Бинобар ин, сатҳи поёнии дониш ва сатҳи болоии дониши кормандон барои менеҷмент моҳияти махсус дошта, роҳбари хештаншинос ба баландбардории сатҳи маълумотнокии менеҷмент ҳаракат намояд. Дараҷаи маълумотнокии менеҷмент дараҷаи инкишофи маънавиро нишон дода, пешравӣ ва рушди босуботи менеҷмент дар шароити рақобати озоди бозор бевосита аз он вобастагӣ дорад. Дараҷаи маълумотнокии менеҷмент ҳамчун нишондиҳандаи омории байналхалқӣ баромад карда, мақоми корхонаро дар назди рақибон ва умуман, муҳити беруна баланд мебардорад.

Сатҳи некуаҳволии кормандон - нишондиҳандаи сифатии инкишофи
менеҷмент буда, зинаи имконоти кормандонро дар истифодабарӣ ва тақсимоти
захираҳо нишон медиҳад. Аз тарафи дигар, ин сатҳи фаъолнокии кормандон дар
ҷараёни фаъолияти касбӣ буда, хоҳишмандии онҳоро барои баланд бардоштани
самаранокӣ ва фаъолнокии иноватсионии менеҷмент зиёд менамояд. Бинобар ин,
сатҳи некуаҳволии кормандонро ҳамчун ченкунандаи бавоситаи баландбардории
хоҳиши онҳо барои иҷрои кору фаъолиятҳо баҳо додан мумкин аст. Дар аксари
мамолики сустинкишофёфта, аз он ҷумла дар Тоҷикистон яке аз сабабҳои
асосии ҳосилнокии баланд надоштани кормандон дар менеҷмент сатҳи пасти
даромади онҳо буда, имконоти амалигардонии пурраи қобилияти зеҳниро

пешина
аз 463
навбатӣ