Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
корхона ӯҳдадорию масъулиятнокии онҳоро баланд бардошта, доимо баҳри беҳтаршавии фаъолият кӯшиш менамоянд.
Ҳамин тариқ, концепсияи инкишофи башарии менеҷмент, имкон фароҳам меорад, ки мо боз як шоҳроҳи мустаҳками расидан ба хештаншиносии роҳбариро паси сар намоем. Барои назорати пайвастаи ин ҷараён менеҷеронро зарур аст, ки нишондиҳандаҳои баҳодиҳии онро муайян сохта, мувофиқ ба он кору фаъолият намоянд. Дар назарияи рушди босуботи башарӣ инро индекси инкишофи башарӣ номида, нишондиҳандаҳои асосии инкишоф дар муқоиса баҳогузорӣ карда мешавад. Асоси ин нишондиҳандаро бошад, дарозумрии кормандон, истифодабарии пурраи фонди вақти корхона, баландшавии ҳосилнокии меҳнат, маълумотнокии кормандон, сатҳи зиндагонии онҳо ташкил медиҳанд. Нишондиҳандаи натоиҷи инкишоф — умри дароз дидан, дониши мукаммали касбӣ ба даст овардан, имкони истифодаи захираҳоро доштан мебошад.
Бояд гуфт, ки асоси нишондиҳандаҳои болоро интихоби озод доштан ташкил медиҳад ва ҳар як корманд дар назди худ имконоти зиёди интихобро бояд дошта бошад, ки талаботҳои маънавӣ ва моддии ӯ ва оилаи ӯро таъмин созад. Махсусан, барои кормандони менеҷменти тоҷик, ки оилаҳои серфарзанд доранд, маблағ ва вақти зиёд ба оила ва тарбияи фарзанд равона мегардад. Аз ин хотир, менеҷмент ба ин масоил диққат дода, хоҳ нохоҳ ба масоили демографӣ рӯ ба рӯ мегардад. Пас, ӯ маҷбур аст, ки баъзе унсурҳо ва меъёрҳои танзими оиларо истифода намояд. Дигар нишондиҳандаҳо низ бояд меъёрҳои иқтисодӣ дошта бошанд.
Дарозумрӣ яке аз нишондиҳандаҳои сифатии инкишофи башарӣ буда, дар менеҷмент ҳамчун нишонагирии стратегии инкишофи корманд ва таъмини нафақа баҳо дода шуда, ҷараёнҳо ва нишондиҳандаҳои ҷории хешро доранд. Яъне таъмини муҳити солим ва шароити хуби корӣ ва истироҳати кормандон. Ташкили реҷаи кории ба талаботи физиологии одамон ҷавобгӯй ва муҳити ороми рӯҳию иҷтимоӣ. Фаъолияти рӯҳшиносон дар коллектив ва ташкили дармонгоҳҳои хусусӣ, истироҳатгоҳҳо ва секцияи спортии назди менеҷменти корхона, назорати пайвастаи тиббӣ - солимии коллектив, аз равандҳои таъмини ин ҷараён мебошанд. Алоқамандии саломатии хуб ва шароити хуби корӣ ва ҳосилнокии баланди меҳнат, сифати кор, самаранокии истифодаи вақти корӣ,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо