Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
-
Қоидаи бадастоварии истеъмолкунанда ва таъмини талаботҳои афзояндаи мадании он. Ин қоида хеле мураккабу номуайян буда, омӯзиши амиқи маркетингиро талаб менамояд. Мақсад нишонагирӣ ба талаботи афзояндаи истеъмолкунанда ва инкишофу имконоти инноватсионӣ мебошад.
Дар ин маврид аз менеҷмент донишу малакаи баланд талаб мешавад, то муайян созад, ки кадом истеъмолкунанда метавонад фоиданокӣ ва инкишофи корхонаро таъмин намояд. -
Қоидаи беҳтарин будани навоварӣ. Маҳз, ин силсила имкон медиҳад, ки интихоби дурусту беҳтарини моли навтарин, роҳи навтарин, технологияи навтарин, шаклу усули навтарини хизматрасонӣ ба роҳ монда шавад, то истеъмолкунандаро ба ҳайрат оварад, яъне кадом молу хислати мол истеъмолкунандаро ба худ ҷалб менамояд.
-
Қоидаи махсусгардонии фаъолият. Ин силсилаи роҳбарӣ аз рӯи қоидаи «корро бояд гурӯҳе ва шахсе тарзе иҷро намояд, ки беҳтарин бошад»
сурат мегирад. Дар ин нуқта масоили муҳими роҳбарӣ он аст, ки мо кадом шакли мол, хизматрасонӣ ва ё корро дар корхонаи худ иҷро намоем, то сифати баланд дошта фоида биораду қобили қабул бошад. -
Қоидаи коммуникатсияи баръакс бо истеъмолкунанда. Бар замми меҳнати мо истеъмолкунанда ба мо чӣ имконотеро фароҳам меорад ва оё фоиданокии менеҷмент ва сармояи он таъмин карда мешавад. Албатта, фаъолият бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки боздеҳ ва такрористеҳсоли васеи корхона пурра нигоҳ дошта шавад.
-
Қоидаи стратегии инкишофи менеҷмент. Таъмини ояндабинии менеҷменти эволютсионӣ ва устувории менеҷмент дар шароити бозор буда, дар назар бояд дошт, ки менеҷмент ба куҷо нишонагирӣ дорад.
Вобаста аз қоидаҳои овардашуда, концепсияи инкишофи корхона ва менеҷмент барои давраҳо ва силсилаҳои муайяни иноватсионӣ тартиб дода мешаванд. Равандҳои асосии концепсия талаботҳои дар бологуфташударо пурра дар бар гирифта, инкишофи прогрессивии менеҷментро таъмин месозанд. Дар навбати худ, менеҷмент давраи дигари фаъолияти худро, ки таъминоти концепсия ном дорад, бояд роҳбарӣ намуда, ин равандро пурра ба маводи зарурии молию пулӣ таъмин созад. Ташкили бастани шартномаҳои дутарафа, муайянкунии

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо