Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
муҳлати аниқи молтаъминкунӣ ва ҳамкориҳои истеҳсолию тиҷоратӣ низ дар ин раванд бояд сурат гирад. Танҳо баъд аз ин бевосита зинаи ҷараёни истеҳсолӣ пеш меояд, ки ин низ барнома, техника ва технологияи беҳтарини худро дошта, роҳбарии пайвастаро талаб менамояд. Интихоби технологияи пешқадамтарини истеҳсолӣ, таъмини сифатнокии мол, ҷобаҷогузорӣ вобаста ба навъи он ва таблиғу ташвиқи фоиданокӣ ва манфиатнокии мол, инчунин, вақти истеҳсолӣ аз ҷумлаи масоиле мебошанд, ки менеҷмент дар ин силсила бояд ташкил ва роҳбарӣ намояд.
Раванди ниҳоӣ ва натиҷавии роҳбарии менеҷмент фурӯши мол буда, боз як қатор талаботҳои маркетингӣ худро дорад. Оид ба ин талаботҳо дар қисми 3-юми китоби менеҷмент пурра андешаронӣ намудаем ва боварӣ дорем, ки риояи он қоидаҳо ва маҳорати роҳбаре, ки мо баён доштем, самаранокии фаъолияти шуморо таъмин сохта, тамоми мақсадҳои стратегии расидан ба хештаншиносии роҳбариро аз он ҳосил менамояд.
Хонандаи азиз, мо ба ҷое расида, боварӣ ҳосил намудем, ки механизми иқтисодии менеҷменти замонавӣ имкони пурраи амалигардонии қобилияти зеҳнии башариро таъмин карда, барои инкишофи башарӣ ҳавасманд мебошад.
Дар навбати худ, инкишофи башарӣ асоси инкишофи менеҷменти муосир буда, устувории роҳбариро дар шароити суръати баланди таъминоти ахбори электронӣ, глобализатсияи иқтисодӣ фақат корманди донишманд, истеъмолкунандаи бомаърифат ва умуман, ҷамъияти дорои маданияти баланд таъмин карда метавонад. Бинобар ин, мо зарур мешуморем, ки дар мавзӯи оянда оид ба имконот ва талаботи инкишофи башарӣ, равандҳои иқтисодии инкишофи ҷомеа ва алоқамандии менеҷменти муосир бароятон гуфта гузарем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо