Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Раванди асосии фаъолияти менеҷменти эволютсионӣ ташкили истеҳсолот дар асоси усулҳо ва шаклҳои ҳавасмандкунонии худинкишофёбии коллектив, ҳар як фард ва умуман, қобилияти эҷодии ҷомеа буда, муҳити хуби пайдоиши сармояи зеҳниро пайдо месозад.

Пайдоиши метатехнология дар ҷаҳони муосири соҳибкорӣ исботи он аст, ки пешвой ва рақобатпазириро ҳамон менеҷменте ва ё мамлакате соҳиб гашта метавонад, ки бевосита, аз рӯи қоидаи «тадқиқот — истеҳсолот» пайваста амал намояд.

Барои инкишофи инноватсионӣ мақоми асосиро омили башарӣ бозида, қувваи пешбарандаро роҳбари хештаншинос ташкил медиҳад. Бинобар ин, ҷараёни инноватсионӣ дар ҳамон корхонае самаранок сурат мегирад, ки зинаи баланди хештаншиносии роҳбарӣ ҳукмфармо буда, кормандон дониши мукаммали касбӣ дошта, технологияи баланди истеҳсолӣ ва ҳавасмандии инноватсионӣ мавҷуд бошад. Аз тарафи дигар, ин муҳити хуби соҳибкорӣ буда, вазъияти амалигардонии эҷодкориро бевосита дар истеҳсолот, тиҷорат, хизматрасонӣ, иҷтимоӣ ва илму маориф ба вуҷуд оварда, инкишофи афзуншавандаро таъмин месозад.

Ҳамин тавр, менеҷменти эволютсионӣ муҳити пешқадамтарини фаъолияти роҳбарӣ ҳисоб ёфта, дар худ мақсадҳои азими стратегӣ, қоида, механизм, технология, концепсия, методу методология ва барномаи амалии тиҷоратро дорад.

Мақсад ва мониторинги чунин шакли роҳбарии менеҷмент ташкили фаъолияте мебошад, ки дар асоси технология ва техникаи пешқадамтарин ба роҳ монда шуда, талаботи рӯзафзуни бозорро таъмин созад ва фоидаи баландро соҳиб гашта, мавқеашонро устувор нигоҳ дорад. Аз ин хотир, дар тафаккури роҳбарӣ идоракунии фоида ва сармоя мақоми арзанда дошта, тақдири устувории менеҷментро дар оянда муайян месозад. Барномасозии сармоягузорӣ ва самараноку мақсаднок тақсим намудани фоида, омили асосии фаъолияти менеҷменти эволютсионӣ мебошад. Инчунин, омили дигари роҳбарӣ таъмини роҳбарии силсилаи инноватсионӣ ва нигоҳдории пайдарпании иҷроиши он буда, қоидаҳои махсуси амалигардонии ҳар як силсиларо бояд ташкил намуд, ки аз қисмҳои зерин иборатанд:

пешина
аз 463
навбатӣ