Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Бояд нуқтаи муҳими дигареро дар зинаи баланди инкишофи технологӣ қайд намуд, ки баландшавии сармояи бузурги зеҳнии менеҷмент ва пайдоиши эҷодкорӣ ва навовариҳои бузург дар ҷаҳон боиси ба майдон омадани «метатехнология» гаштааст.
Ихтироъкорони пешқадами ҷаҳонӣ — пешвоёни технологӣ кашфиётҳоеро ба миён оварда, амалӣ сохтаанд, ки имрӯз бозори ҷаҳонӣ хоҳ нохоҳ вобаста ба шарту шароити пешниҳоднамудаи метатехнология кору фаъолият менамоянд. Махсусан, дар соҳаи технологияи ахборӣ ва барномасозии электронӣ, ихтироъкорон чунон системаеро ҷорӣ сохтаанд, ки менеҷменти корхонаҳо онро бо дилу ҷон қабул карда, роҳи дигар надоранд. Дар натиҷа, бо истифодаи беҳтарин имконоти ақлонӣ ва зеҳнӣ, ин корпорасияҳои байнамилалии (ТНК) пешқадами дунё хизматрасонии технологию ахбориеро пешниҳод менамоянд, ки нисбати пешина даҳҳо ва садҳо маротиба бартарият доранд. Аз ин хотир, онҳо бозори ҷаҳониро пурра зери назорати худ гирифта, шарту шароит ва меъёрҳоро худашон муайян менамоянд.
Ҳамин тариқ, метатехнология бо ин усул имкони роҳбариро дар менеҷменти эволютсионӣ устувор сохта, доимо дар инкишофи стратегияи инноватсионии корхона қарор дошта, муҳити устувори навоварӣ ба миён меорад.
Барои менеҷменти эволютсионии метатехнологӣ хусусиятҳои зерини афзуншаванда хос мебошанд:
- Набудан ва роҳ надодан ба роҳбари сустназму камҳираду инкишофнаёфта.
- Пайдоиши пайвастаи корхонаҳои венчурӣ ва сохтори интегратсионии менеҷмент.
- Пайваста аз рӯи системаи стратегии «саноат — илм — маориф» амал намудан.
- Ташкили ҳамоҳангсозии тадқиқотҳои илмию амалӣ ва навоварию эҷодкориҳо, ташкили институтҳо ва озмоишгоҳҳои тадқиқотӣ-илмӣ.
- Муттаҳидсозии корхонаҳо мувофиқи манфиатҳои иқтисодӣ.
- Имкони ташкили системаи асаби электронии менеҷменти корхона.
- Иҷрои функцияи амалигардонии технологияи пешқадам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо