Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

надоштам. Бинобар ин, хеле ғамгин гашта, ба ошёнаи дуюми бинои Донишгоҳ фаромадам ва ба чопхонаи хурди дӯстам Алла Николаевна ворид гашта, маҳзун салом дода нишастам. Дӯстам ин аҳволро мушоҳида карда, аз ман пурсиданд, ки Таваралӣ Бобоевич, чӣ шуд ба Шумо? Ман ҳолатро ба ӯ фаҳмондам. Он кас як ханда карданд ва гуфтанд, ки барои чунин масъалаи ночизе ҳам магар одам ғамгин мешавад? Ва илова карданд, ки шакли электронии монографияро доред? Ҳа, дорам — гуфтам. Пас, гирифта биёред, ман дар давоми 2 рӯз чоп карда медиҳам. Дар ҳақиқат, ҳам ҳамин тавр шуд.
Ман бомуваффақият ҳимоя карда, ба Ватан баргаштам ва дар дил ташкили чунин чопхонаи муҷаҳҳаз бо технологияи замонавӣ ва кӯмак ба олимони ҷавону олимдор ва умуман, аҳли илми Тоҷикистонро кардам. Хушбахтона, бо кӯмаки собиқадори собиқ ректори Донишгоҳи миллӣ, марди хирадманду роҳбари пешқадамшинос (рӯҳашон шод бод) Ҳабиб Муродович Сафаров дар давоми хеле кӯтоҳ ин чопхонаро ташкил намудем. Дар натиҷа, то имрӯз ин чопхона ба мардум хизмати босифат карда, аз чопхонаи кӯҳнаи донишгоҳ, ки дар ҳамсоягӣ қарор дорад, ҳосилнокии меҳнат садҳо маротиба баланд буда, сифатнокии мол аз камхарҷи даҳҳо маротиба хуб аст. Барои мисол, дар чопхонаи кӯҳна агар як монографияи иборат аз 200 саҳифаро 10 корманд зиёда аз 2 моҳ чоп кунанд, дар чопхонаи мо ин китобро дар муддати 2 рӯз 2 корманд пурмаҳсул аз чоп мебароранд. Дар он чопхона қариб 10 дафтари корӣ зарур бошад, дар мо фақат 2 дафтари корӣ кифоя аст.

Аз тарафи дигар, технологияи навин шакли нави роҳбарӣ буда, сохтори идорагӣ ва ташкилӣ, хизматрасонӣ, бозору талабот ва сарфаю сариштакорӣ, инкишофи зеҳнии корхона ва умуман, маданияти иҷтимоиро таъмин месозад.
Чунин бартарият имкон медиҳад, ки талабот ба қобилияти зеҳнии кормандон ва махсусан, роҳбарон афзуда, стратегияи эволюсионии менеҷмент устуворона дар асоси рақобати озоди бозор тобовар инкишоф ёбад ва мавқеву мартабаи менеҷмент дар инкишофи иқтисодию иҷтимоӣ хеле баланд гардад. Чунин ҷараёни инкишофёбандаи менеҷмент имкон медиҳад, ки суръати ҳаракати инноватсионӣ ва инкишофи илму техника баланд шуда, иқтидори нави зеҳнӣ дар ҷамъият пайдо гардад.

пешина
аз 463
навбатӣ