Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
коллектив барпо сохта, оиди фикру ақида, хоҳиш ва талаботҳои ҳар як корманд, корхона ахбори пурраи воқеӣ дошта, онҳоро дар вақти қабули қарори идоракунӣ ба инобат гирад.
Асоси инкишофи мамлакатҳои пешқадами дунёро тақсимоти даромади ҷаҳоние, ки бо роҳи амалиёти воридоти ва содиротии корпоратсияҳои авимин байналмилалӣ ба миён меоянд, ташкил менамояд. Ин корпоратсияҳои байналхалқӣ барои маҳсулоти технологияи баланди зеҳнӣ доштаашон нархи баланди ҷаҳониро нигоҳ дошта, монополисти соҳаи худ мебошанд. Бинобар ин, имрӯзҳо технологияи навин роҳи асосии рақобатпазирии корхонаҳои байналхалқӣ чӣ дар дохили мамлакатҳо ва чӣ дар бозори ҷаҳонӣ гаштаанд. Аз тарафи дигар, ин ҳамчун омили асосии таъмини шуғли аҳолӣ ва адолати иҷтимоӣ баромад карда, тақсимоти байналхалқии меҳнатро таъмин месозад.
Пас, азхудкунии технологияи навин бояд ҳамчун асоси стратегияи инкишофи менеҷмент қарор дошта, имкони афзоиши самараноки истеҳсолот ва сифатнокии он, кам кардани хароҷотҳои истеҳсолӣ, сарфаи моддӣ ва энергетикиро таъмин намояд.
Танҳо истифодаи технологияи навин имкон медиҳад, ки корхонаҳои Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ баромада, рақобатпазир шаванд. Имрӯз бо истеҳсоли моли арзони бесифати зиёд, бо технологияи кӯҳна мо наметавонем, ҳатто дар дохили мамлакати худамон озодона фаъолият намоем. Фақат технологияи пешқадами инноватсионӣ метавонад инкишофи моро таъмин намуда, сарфаю сариштакории истеҳсолӣ, тозагии муҳити зист, сифатнокии кор ва суръати истеҳсоли мол афзуда, талаботи бозор қонеъ карда шавад.
Барои мисол, истифода аз технологияи пешқадами замонавӣ, ҳатто дар корхонаи хурду миёна то ба бузург бартарияти худашро баръало нишон медиҳад. Банда, инро дар таҷрибаи кори хеш хеле хуб дарк намудаам. Вақте ки ҳуҷҷатҳоямро барои ҳимояи рисолаи докторӣ ба Шӯрои диссертатсионӣ дар Донишгоҳи давлатии Москва, ба номи М.В.Ломоносов пешниҳод намудам, ногаҳон аз ман талаби чопи монографияи илмиро дар нашрияҳои Москва намуданд. Аз рӯи тафаккури технологӣ тоҷиконаи ман ин даҳшатовар буд, чунки вобаста аз сатҳи технологияи чопхонаҳои Тоҷикистон, барои чопи як монографияи илмӣ камаш ним сол ва ҳатто зиёдтар вақт лозим буд, ки мен

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ