Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

родни истифода аз қобилияти зеҳнии дохила ва мувофиқа ба ҳолатҳо ва омилҳои беруна амал менамояд. Чунин ҳолат аз таъсири омили беруна қабати ҳимоякунандаи менеҷментро пайдо карда, пайваста аз ҳисоби ҳавасмандкунонии эҷодкорӣ онро мустаҳкам месозад. Дар натиҷа, менеҷмент чунон қабати мустаҳками ҳимоятӣ пайдо месозад, ки ҳатто дигаргуншавиҳои сиёсию давлатдорӣ ва ҳар гуна ислоҳотҳои иқтисодӣ, пулию молӣ ба инкишофи менеҷмент таъсири манфӣ расонида наметавонанд. Чӣ дар ҳокимияти куҳна ва чӣ дар ҳокимияти навин менеҷменти ин корхонаҳо аз рӯи қоидаҳои устувори илмии худ амал карда, ба зудӣ ба системаи нав мутобиқ ва доимо дар бозори ҷаҳонӣ пешсаф гардида, ҳатто сиёсати иқтисодии мамлакатро ба низом медароранд. Мо оиди мақому мартабаи ин ширкатҳои байналхалқӣ ва хусусияти менеҷменти онҳо дар китоби 2-юми менеҷмент пурра гуфта гузаштаем.

Менеҷменти ширкатҳои азими байналхалқӣ имрӯз дар тамоми дунё фаъолият дошта, дорои корхонаҳои худ мебошанд ва маҳсулоти онҳоро тамоми мардуми ҷаҳон қаноатмандона истифода мебаранд. Менеҷменти ин корхонаҳо ба як маркази ақлонии ҷаҳонӣ мубаддал гаштаанд, ки ҳатто шарту шароитҳои сиёсии худро ба қонунгузорӣ ва меъёрҳои дохила бо осонӣ ворид месозанд ва ба муҳити иқтисодию сиёсии мамолики дунё пешвой менамоянд.

Барномаи стратегии менеҷменти эволютсионӣ асосан, мувофиқи қоидаи «омӯзед, ихтироз кунед, дигаргун созед ва одат намоед», амал мекунад. Албатта, ҳамаи ин вақт, захира, дониш ва дастгириро талаб менамояд. Вақтро метавон сарфакорона истифода бурд, ҳангоме ки Шумо ба пеш назар меафканед ва ҳодисаро пешгӯй карда метавонед. Аксарияти донишҳо барои дигаргунсозӣ ба мо лозиманд. Ташкили ҷараёни пайвастаи омӯзиш дар менеҷмент ҷараёни доимии дигаргунсозӣ дар менеҷмент мебошад. Ҷудо кардани захираҳои молию пулӣ шакли дастгирии инкишофу навоварӣ ба ҳисоб рафта, шарти зарурӣ мебошад. Боваркунонӣ ва одаткунонии менеҷмент ва тамоми коллективи корхона низ ҷараёни хеле мушкил буда, талаб менамояд, ки мо тарафдорони зиёди худро пайдо намоем, чунки ҳар як аъзои коллектив ва менеҷери корхона, дониши муайян, тарафдор ва хоҳишҳои алоҳидаи моддию сиёсии худро дошта, ба фикру ақидаи Шумо ба зудӣ розӣ шуданашон дар гумон аст. Аз ин ҷо, менеҷменти эволютсиониро зарур аст, ки дониш ва эҷодкориро дар асоси муттаҳидсозии

пешина
аз 463
навбатӣ