Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Муҳити сармоявии менеҷмент, дар навбати худ муҳити махсуси пайдоиши сармоя буда, имкони васеи такрористеҳсолии онро дар корхона пайдо месозад.
Ин система боз мақоми муттаҳидсозии маблағҳоеро, ки ба корхона аз банкҳо, дигар корхонаҳо ва қарзҳою дигар шаклҳои молиягузориҳо ворид мегарданд, дошта, мақсаднокии онҳоро таъмин месозад. Дар натиҷа, системаи пешинай алоҳидан сармоягузорӣ моҳияти худро гум карда, хислату равандро вобаста ба инкишофи сармоягузории иноватсионӣ мувофиқа месозад ва ё пурра ба он мегузарад. Пас, системаи сармоявии иноватсионӣ ба худ мақоми муттаҳидсозии сарчашмаҳои сармоявиро гирифта, ҳамчун пешво баромад мекунад.

Системаи сармоявии иноватсионӣ - низомест, ки аз муҳити вуқудии сармоявӣ, ҳолати мадании баланди сармоявӣ ва функцияву механизми навини технологию роҳбарӣ иборат мебошад.

Ин система имкон медиҳад, ки одамон — кормандони менеҷмент барои сармоягузории зеҳнӣ ва худинкишофёбӣ ҳавасманд ва дорои имкони худихтиёрдорӣ бошанд. Илова бар ин, ҳамчун системаи амалкунандаи фаъолияти менеҷмент баромад менамояд. Роҳбарон оҳиста — оҳиста худро ба он мувофиқ карда ба зинаи хештаншиносӣ наздик мегарданд, ба шарте, ки мақоми рушди устувори иқтисодӣ, навоварию эҷодкорию демократии амали қобилиятҳо ва шаффофияти тақсимоти натиҷаро дошта бошанд. Хусусияти фарқкунандаи ин система, асосан, дар он аст, ки ба болоравии қобилияти зеҳнии «Сарварони кордон» ва «Устодони кор» равона карда шудааст. Аз дигар тараф, ин системаи «Одами эҷодкор» мебошад, ки худинкишофёбии менеҷментро таъмин месозад.

Дар натиҷа, дар менеҷмент ду раванди системаи сармоявии эҷодӣ пайдо мегардад:

  1. Системаи нақшавии сармоявӣ.
  2. Системаи либералии сармоявӣ.

Системаи нақшавии сармоявӣ — ба истифодаи он натиҷаҳои қобилиятию
эҷодкориҳое, ки аллакай пайдо шудаанду амал карда истодаанд, нигаронида
шудааст. Ин система кори самараноки менеҷментро таъмин намуда, ҳамчун
ҷараёни истеҳсолӣ хизмат менамояд ва чун нақшан кори навин, афзоиши
ҳосилнокӣ, технологияи пешқадам ва ташкили кори самараноки роҳбариро ба
роҳ мемонад. Дар ин ҷо низ унсурҳои мувофиқакунонии фаъолиятҳо, аз байн

пешина
аз 463
навбатӣ