Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
сармоявию навоварӣ дар ташаккули хештаншиносӣ баромад мекунанд, ки мо паҳлӯҳои гуногуни онро дар мавзӯи оянда бароятон гуфта мегузарем.
55.2. Инкишофи системаи сармоявию навоварии менеҷмент ва ташаккули хештаншиносии роҳбарӣ
Солҳои охир дар назарияи илмҳои иқтисодӣ, он фарзия, ки гӯё ободии иқтисодӣ, захираҳои зиёди табиӣ ва меҳнати вобаста ба хоҳиш имкони афзоиши иқтисодиро таъмин мекарда бошад, қобили қабул нест. Тасдиқи воқеии ин фикрро мо дар аксари мамолики қафомондаи иқтисодии дунё, аз он ҷумла дар Тоҷикистон низ дида метавонем. Новобаста ба имкони иқтидори табиӣ ва озодии интихоби кору фаъолият қувваи кори арзони тоҷик ба давлатҳои Россия, Қазоқикистон, Туркманистон, Қирғизистон ва дигар мамолики дунё баромада рафта истодаанд. Дар таркиби қувваи кории аз мамлакат берун рафта кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва аслан ҷавонону мутахассисони синну соли гуногуни фаъол ва соҳибмаълумот дида мешаванд.
Агар ба системаи менеҷменти дохилаи мамлакат назар афканем, дар ин ҷой низ ҳосилнокии пасти кормандон, истифодаи технологии кӯҳна, дониши номукаммали аксари роҳбарони корхонаҳо ва истеҳсоли моли ба талаботи бозор ҷавобгӯй набуда ба назар мерасад. Ин, албатта, масоили доғи рӯйи бахши иқтисодию сиёсии Тоҷикистон аст, ки чандин маротиба сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди давлатӣ ва байналхалқӣ масъалагузорӣ намудаанд. Аз ин хотир, ташкил ва инкишофи системаи сармоявии менеҷмент роҳи самараноки ояндадори корхонаҳои тоҷик ба ҳисоб меравад. Шакли сармоявии инкишофи менеҷменти навоварӣ ин худинкишофёбии дохилан корхонаҳо буда, боз сармояи нав ворид месозад. Ин сохти нави тиҷорати иқтисодӣ ба шумори меравад ва муҳити нави мустақиди сармоявиро дар менеҷмент муҳайё сохта, ҳамчун сарчашмаи истеъмол ва пайдоиши сармоя баромад мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё