Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бурдани шӯъба ва сохторҳои нолозимаи менеҷмент зарур буда, мувофиқакунонӣ ва одаткунонии пайвастаро ба миён меорад, ки аз роҳбарон донишу малакаи кордонии навинро талаб менамояд.

Системаи либералии сармоягӣ — ба худинкишофёбии менеҷмент равона гардида, асосашро одамон (кормандон) ва сармояи зеҳнии онҳо ташкил медиҳад.
Муҳити озоди сармоявии эҷодкорӣ, дар навбати худ самараноктарин сармоя буда, пешвоии иноватсионнии корхона ва мустақилияти пурраи онро таъмин месозад.

Мисоли намунавии ин сармояро банда, дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов ҳангоми дар аспирантура ва докторантура таҳсил карданам хеле равшан мушоҳида намудаам. Таҳсили ман дар ду давраи системаи муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ, яъне дар замони Иттифоқи Сотсиалистии Шӯравӣ ва баъдан дар шароити Россияи федеративӣ сурат гирифт. ДДМ ба номи Ломоносов дар ҳар ду давра низ пешво буда, новобаста ба ҳамаи ин дигаргуниҳо заррае қоидаҳои системавии сармоягузории зеҳниро коста накардааст, балки боз мустаҳкаму қавитар сохта, пешсафиро дар даст дорад.
Мутахассисон — олимони пуркуввати ин даргоҳ, ки эътибори ҷаҳонӣ доранд, тамоми умр дар ин даргоҳ эҷодкорӣ намуда, кормандони соҳибкасби соҳаи худ гаштаанд. Ҳатто, вазифаи зинаи поёнии менеҷмент — мудири кафедра ва ё декани факултет 25-30 сол ва тамоми умр буда, бо риояи системаи баланди инкишофи зеҳнию муҳити баланди озодии ақлонӣ боз ба шогирдон боқӣ гузошта истодаанд. Ректори Донишгоҳ Садовничев В.А. зиёда аз 23 сол бо роҳбари ин Донишгоҳ мебошанд. Дар ҳақиқат, тамоми кормандон худро узви комилҳуқуқи менеҷменти Донишгоҳ ҳисобида, барои амалӣ гардонидани қобилияти фардии онҳо тамоми имконотро фароҳам овардаанд. Гуфтан мумкин аст, ки ба дигар корхона ба кор гузаштани кормандони асосӣ солҳои тӯлонӣ боз дида намешаваст.

Барои муқоиса, агар дар ҳамин давра Донишгоҳи давлатии миллии
Тоҷикистонро мисол орем, дар давоми 20 соли охир, 7 ректор иваз шуда,
миқдори проректорому деканҳо ҳисоб надорад. Дар натиҷа, қисми зиёди олимон
Донишгоҳро тарк гуфта, имрӯзҳо қариб профессореро пайдо кардан мушкил аст,
ки танҳо дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон фаъолият намояду

пешина
аз 463
навбатӣ