Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Ҳар як корхонаю ташкилот дар муҳити муайяни дохила ва беруна кору фаъолият намуда, ба он механизми иқтисодии амудӣ ва уфуқӣ таъсири худро мерасонад. Бинобар ин, менеҷмент бояд ҳар як раванди муҳитро омӯхта, доимо аз онҳо пештар амал намуда, худро аз таъсири манфии онҳо нигоҳ дошта тавонад. Пешбинии ҳодисаҳо ва ҳолатҳо пеш аз ҳама, ба зинаи инкишофи роҳбарон ва тамоми кормандони менеҷмент вобаста буда, қобилияти дарки масоил ва фикррониро талаб менамояд. Танҳо ҳамон менеҷмент аз ӯҳдаи фикру андешаронӣ мебарояд, ки инкишофёфта ва аз ахбори охирини иқтисодӣ пурра бохабар мебошад, яъне маҳз инкишофёбии динамикии менеҷмент метавонад ин талаботро қонеъ гардонад. Ҷараёни ташкилии инкишофёбӣ дар он системаи менеҷменте ба вуҷуд меояд, ки озодии амалигардонии қобилияти зеҳнии кормандон — менеҷерон пурра мувофиқи мақсад буда, вобаста ба ташаккул ҳавасманд гардонида мешаванд.
Илм ва санъати роҳбарии ташкилоти инкишофёбандаро мо дар китоби 3
- юми менеҷмент пурра гуфта гузаштаем. Ин, албатта, ҷараёни эволютсионӣ буда, давраҳо ва вақти зиёдтарро талаб намуда, якбора пайдо намегардад. Яъне ҷараёне мебошад, ки механизми иқтисодӣ инкишоф ёфта, такрористеҳсол ва афзоиши динамикии захираҳои башарӣ бо алоқамандии муҳити табиӣ таъмин гардида, маданияти баланд ва илмро дар менеҷмент амалӣ месозад.
Ба ин ҷараён панҷ омили иқтисодӣ метавонад таъсир расонад:
- Ҷараёни худинкишофёбии менеҷмент дар асоси сармоягузории мақсадноки корхона, яъне ҷамъ овардан ва равона сохтани сармоягузорӣ дар бахши инкишофи мадании менеҷмент ва таъмини технологияи пешқадами замонавии роҳбарӣ ва истеҳсолӣ.
- Ташкили сохтори менеҷмент оид ба шароити инкишофи амалигардонии қобилиятҳои зеҳнӣ ва ҳавасмандкунии инкишофи моликияти зеҳнии корхона.
Худинкишофёбии менеҷмент аз ҳисоби беҳтар намудани ташкили низоми кори менеҷмент, таъмини ҷавобгарии фардӣ дар корхона ва ҳуқуқи озоди фикрронӣ ва масъалагузории касбии ҳар як корманд. - Устувории мақсадгузории корхона новобаста ба таъсири омилҳои берунаи сиёсию иқтисодӣ. Ҳар як корманд бояд боварии пурра дошта бошад, ки новобаста ба тағйирёбии бозор ва вазъи сиёсии мамлакат ва умуман,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё