Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

миллӣ ба ҳар як сари аҳолӣ зикр карда мешавад. Чунин тадқиқот дар зиёда аз 170 давлати ҷаҳон бурда мешавад.

Имрӯз шиори аслии зиндагонии тамоми ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳои пешқадами дунё ва ҳар як фард бояд «Зиндагонии хуб»-ро бо роҳи инкишофи зеҳнии башарӣ таъмин гардонида бошад.

Бояд гуфт, ки шиори банда низ дар зиндагонӣ чунин буд ва боқӣ мемонад. Барои ба ин мақсади олӣ расидан бояд механизми иқтисодиеро дар менеҷмент барпо намоем, ки инкишофи мунтазами башариро мураттаб сохта, касбияти олии фаъолиятро дар тамоми соҳаҳо ва зинаҳои роҳбарӣ таъмин карда тавонем.

Механизми ба даст овардани ин муваффақият, пеш аз ҳама интихоби стратегияи инкишофи маданӣ - иқтисодии менеҷмент бо роҳи ҷорӣ намудани технологияи пешқадам ва таълимоти пайвастаи кормандон дар роҳи навоварӣ ва ихтироот мебошад. Ба ин васила, менеҷменти корхона бояд сарчашмаи инкишоф қарор гирифта, аз рӯи ахбори навини иқтисодӣ кору фаъолият намояд. Доимо дар ҷустуҷӯ ва қабули ахбори навини иқтисодӣ буда, маблағро дар ин роҳ дареғ надорад. Роҳбаре, ки қарори идоракунӣ қабул менамояд, бояд тавассути ахбори навину пешқадам кормандро маҷбур созад, ки донишу малакаи зеҳнии баланди касбию замонавӣ аз худ намояд. Дар китоби 3-юми менеҷмент мо оид ба ташкили системаи асаби электронӣ гуфта, талаботҳои ин системаро аз нигоҳи соҳибкори машҳури дунё Билл Гейтс, ки бойгариаш дар соли 2007 зиёда аз 55 млрд.
доллари ШМА-ро ташкил мекунад, қайд намудаем. Системаи ахбори иқтисодӣ чунон суръати баландро соҳиб гаштааст, ки барои ҳамқадами он будан роҳбар бояд пайваста дониш омӯхта, қобилияти зеҳнии худро баланд бардорад. Аз тарафи дигар, стратегияи инкишофи иқтисодии менеҷментро аз рӯи қоидаи ояндабинии дарозмуддат, худинкишофёбанда ва пешвой ба роҳ монда, дар рақобати бозор тобовару устувор бошад. Барои ноил гаштан ба чунин мақсади олӣ менеҷментро зарур аст, ки механизмҳои иқтисодии ояндабинӣ, банақшагирӣ, ҳавасмандӣ, технологияи иқтисодӣ, бозоршиносӣ, батанзимдорӣ ва худинкишофёбии кормандонро амалӣ гардонда, хусусияти мутобиқшавӣ ва инкишофёбиро ҷорӣ созад.

пешина
аз 463
навбатӣ