Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
бӯҳронҳои иқтисодию иҷтимоӣ менеҷмент аз ӯҳдаи вазифаи худ баромада, устувориро нигоҳ дошта метавонад.
-
Раванди фаъолият ва болоравии кормандон аз рӯи адолат дар вазифаҳои гуногуни менеҷменти корхона. Таъмини ҳолати рӯҳии корманд ва менеҷерони корхона имкон медиҳад, ки онҳо дар ин самт худинкишофёбиро таъмин сохта, тамоми донишу қувваю ғайрати худро барои инкишофи менеҷменти корхона равона созанд.
-
Кафолати бехатарии иқтисодию иҷтимоии корманд ва аҳли оилаи ӯ. Дар ҳақиқат, инкишофёбии роҳбарӣ дар ҳамон вақт таъмин карда мешавад, ки дар як корманд талаботи иқтисодӣ ва маданияю иҷтимоии хешро таъмин карда тавонад. Яъне мо бояд ба ӯ ҳақмузд диҳем, ки ҳам талаботҳои иқтисодӣ ва ҳам талаботҳои маънавии корманд ва аҳли оилаи ӯро қаноатманд гардонад. Дар ҳақиқат, ин омил хеле мураккабу мушкил буда, доимо боиси баҳсу мунозираҳо ва муноқишаҳо дар менеҷмент мегардад, чунки талаботи моддӣ ва маънавии одамон доимо афзоянда буда, нуқтаи муносиби онро ёфтан ва ҳавасмандӣро пайваста таъмин намудан низ мушкил аст.
Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки аслан барои худинкишофёбии менеҷмент хештаншиносии роҳбарӣ зарур буда, чунин роҳбар метавонад бе иштироки омилҳои беруна ин ҷараёнро дар дохили корхона самаранок ташкил намояд. Аз нигоҳи хештаншиносӣ ин ҷараёнро ҳар як роҳбар метавонад бо ду роҳ ташкил намояд:
-
Бо роҳи банақшагирии ин ва ё он раванди худинкишофёбии кормандон ва ҷараёнҳои алоҳидаи фаъолияти менеҷмент.
-
Бо роҳи таъмини муҳити озоди худинкишофёбӣ дар менеҷмент.
Яъне ташкили фаъолиятҳо ва сохтори иқтисодии менеҷмент бояд чунин бошад, ки ҳар як корманд ба муҳити эҷодкорӣ даъват шуда, иқтидори зеҳниашро самаранок амалӣ гардонад.
Бояд гуфт, ки дар ҳар ду ҳолат низ барои менеҷменти корхона сармояи зиёде ворид сохта, имкон пайдо менамоем, ки диққатҷалбкунандагии менеҷмент нисбат ба мутахассисони баландтаҷриба ва роҳбарони инкишофёфта афзуда, дар натиҷа, аз корхона рафтани кормандон низ кам мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё