Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
боз якчанд пайғамбарони худро интихоб намуда, ба онҳо чунин қудратҳоро дод, ки мардум ба онҳо бовар карда, ба Худо саҷда намоянд. Вақте ки пайғамбаринд худро ин шахсиятҳои бузург маълум карданд, Худованди бузург бо воситаи қудрату кашфиётҳои бузурги худ онҳоро дастгирӣ намуд. Кашфиёти Ислом нишони пурраи мантиқӣ ва беҳтарину баланди тамоми кашфиётҳои дигари илоҳӣ мебошад. Чуноне ки дар Сураи 5-ум Ояти 4-уми китоби Қуръон омадааст: «Имрӯз ман барои Шумо ва динатон пурра гуфтаҳои худ ва меҳрубониамро ба охир мерасонам ва аз дини ислом барои Шумо қаноатмандам!» Ин таълимот панҷ хусусияти фарқкунандаи худро дорад:
-
Бефосилагии таълимоти ислом: Ин кашфиёти тамоми давраи инсоният дар Замин то рӯзи қиёмат аст.
-
Умумибашарӣ будани ислом: Ин сухани Худованд барои тамоми инсонҳои ҷаҳон ва ҳар як фард Роҳнамо ва Рӯшноӣ мебошад.
-
Ҳаматарафа будани ислом: Ин Роҳнамо барои ҳама давру замон ва барои тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти инсонӣ — маънавӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию сиёсӣ ва ягонагии мувозинати онҳо мебошад.
-
Тағйирнаёбандагии таълимоти ислом: Ин роҳи ягонаи ҳақпарастӣ буда, касе ҳаққу ҳуқуқ надорад, ки ин таълимотро ба мақсади ғаразноки худ истифода намуда тағйир диҳад.
-
Мукаммалии китоби муқаддаси Қуръон: дар ин китоби Илоҳӣ то ҳанӯз касе нуктаи кам ва ё зиёдеро наёфтааст.
Имрӯзҳо инсоният дар ҳазорсолаи сеюм зиндагонӣ намуда, аз аксари асрори илмҳо бохабар гаштаем. Ва талош барои фаҳмиши воқеият ва ҳақиқати ҳолату ҳодисаҳо дошта, пайваста дар омӯзишем. Аммо Қуръон бо навиштаҷоти бузурги Илоҳии худ гувоҳи он аст, ки ҳақиқати асосӣ дар ҳама илмҳо ин сухану хости Худованди бузург аст. Ва чизе аз нигоҳу хости ӯ пӯшида нест.
Ҳамин тариқ, мо ба нуқтае расидем, ки бо натиҷагирӣ оиди истифодаи меъёрҳо ва арзишҳои волои исломӣ дар рафтори роҳбарӣ ва ташаккули хештаншиносии хеш ба макру беадолатӣ роҳ надода, сарвату ҳокимиятро дар асоси адолат тақсим намоем. Исроф ва таҷаммулро ҳаром ҳисобида, зулму ситами роҳбариро аз байн рабуда, дар давлати ҳуқуқбунёди демократии Тоҷикистон кору фаъолияти озодона дошта бошем ва боз ҳамон анъанаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё