Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
бобоии кордонию хирадмандӣ ва эҷодкорию маърифатпарастии худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
54.6. Гуфтор андар зиндагиномаи мардони хештаншинос
Сухан андар нубуввати Одам ва нозили китобҳои илоҳӣ.1
Пас, Худои азза ва ҷалла бар Одам саду бист сол шаст суҳуф аз осмон фиристод ва гурӯҳе аз уламо гуфтанд, ки бист суҳуф фиристод. Ва Ҷабраил биёмад ва бархонд ва ҳуруфи мӯъҷам ӯро биёмӯхту ҳуруфи абҷад, то вай ҳиҷо бидонисту биёмӯхт ба навиштан. Ва ин суҳуфҳоро ҳама ба дасти хеш набишт ва фарзандонро биёмӯхт. Ва чун умри Одам аз паси тавба саду бист сол баромад,......... Худои азза ва ҷалла Одамро аз Ҳавво писаре лод ва танҳо зод бе хоҳару бе бародар. Ҷабраил биёмаду гуфт «Ё Одам, Худо ҳамегӯяд:
«Ин бадали Ҳобил аст. Ӯро Шис ном кун». Ва Шис ба ибронӣ аст ва ба товӣ (тоҷикӣ) Ҳибатбуллоҳ бувад, яъне бахшиши Худои азза ва ҷалла. Пас, Шис бузург шуд, Одам ӯро бар ҳама фарзандони хеш фазли тамом кард ва ӯро валиаҳди хеш кард ва халифат кард бар замин ва мулки замин бад — ӯ — дод ва вайро васии хеш кард. Чун Одам бимурд, Худои азза ва ҷалла Шисро пайғомбар дод ва ба ҳамаи фарзанди Одам фиристод. Ва ӯро бисёр фарзандон омаданд, то ҳама фарзандони Одамро имрӯз нисбат ба Шис кунанд, зеро ки дигар фарзандони Одамро насл бинамонд.
Ва Абузарр ал - Ғифори разия — л — Лоҳу анҳу аз пайғамбар сала —
л- Лоҳу саллам пурсиду гуфт: «Худои азза ва ҷалларо ба замин чанд
пайғомбар буд? Гуфт: «Саду бисту чаҳор ҳазор пайғомбар буд». Аввали эшон
Одам ва охир Муҳаммади Мустафо сала — л — Лоҳу алайҳи ва алайҳим
аҷмаин. Ва аз эшон сесаду сездаҳ мурсал буданд, ки Ҷабраил алайҳи — с —
салом ваҳн бад — эшон овард — мушофаҳо. Абузарр гӯяд разия — л — Лоҳу
1 Абӯалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммади Балъамӣ. Таърихи табарӣ. - Ирон, Теҳрон, 1380\2001. ҷ.1; 2. 1632с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё